Ба гузориши манобеи хабарӣ, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, ки «Наметавонам инро таъйид кунам», Русия аз мушакҳои баллистикии Эрон истифода кардбошад.
Раисҷумҳури Украина ҳам ба иддаоҳои муттаҳидони ғарбӣ дар бораи истифодаи Русия аз мушакҳои Эрон вокуниш нишон дод. Нахуствазири Украина Денис Шмигал рӯзи гузашта гуфта буд, ки Киев ҳеҷ иттилооте дар мавриди интиқоли ин мушакҳо ва истифода аз онҳо тавассути неруҳои мусаллаҳи Русия дар ихтиёр надорад.
Вазири хориҷаи Амрико Энтони Блинкен рӯзи гузашта дар ҷараёни сафар ба Киев муддаӣ шуд, ки Русия «дар ҳоли бомбаборони бераҳмонаи шаҳрҳои Украина аст ва силоҳҳои бештаре аз Эрон дарёфт кардааст.»
Ба гузориши вебгоҳи украинии «Киев Индипендент», раисҷумҳури Украина эълом кард, ки ӯ ҳанӯз наметавонад истифодаи Русия аз мушакҳои баллистикии Эронро таъйид кунад.
Пеш аз ин вазири хориҷаи Эрон Сайид Аббоси Ироқчӣ эълом кард, ки «Эрон ба Русия мушакҳои баллистикӣ ирсол накардааст».
Владимир Зеленский, эълом кард, ки иттилооте аз тарафи созмонҳои ҷосусии ғарбӣ дар бораи интиқоли мушакҳои Эрон дарёфт карда «аммо дар ҳоли ҳозир ман наметавонам истифода аз мушакҳоро таъйид кунам.»
Раисҷумҳури Украина афзуд, ки «Ман вақте метавонам тоъйид кунам, ки мадраке дошта бошем. Ҳамонтавр, ки дар бораи Кореяи Шимолӣ мо мадрак доштем.»
https://tajikpress.com/2024/09/12