IQNA

Ҳузури бӯстони қуръонии Қатар дар нишасти байналмилалии ҳифзи муҳити зист

20:04 - September 13, 2024
рақами хабар: 2099
ИКНА - Масъулони бӯстони қуръонии Қатар ба намояндагӣ аз ин кишвар дар даҳумин нишасти байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар Арабистони Саудӣ ҳузур ёфтанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, бӯстони қуръонии Қатар дар ин нишасти байналмилалӣ, ки ба мизбонии Арабистони Саудӣ дар Риёз пойтахти ин кишвар баргузор шуд, ҳузур ёфт ва барномаи пешгоми худ барои ҳифозат аз гиёҳон ва эҳёи зисти буми гиёҳии Қатарро ироа дод. Дар ин нишасти байналмилалӣ, ки аз 9 то 11 сентябр баргузор шуд, бӯстони қуръонии Қатар аз ибтикори худ барои эҳёи боғҳои Қатар ба унвони бахше аз ҳамкории худ бо вазорати муҳити зист ва тағйироти обуҳавоии ин кишвар хабар дод.

Масъулони ин бӯстон ҳамчунин эълом карданд дар ҳоли иҷрои барномаи омодасозии кошти ду миллион ва понсад ҳазор дарахт дар Қатар ҳастанд. Давлати Қатар пештар эълом кардабуд то соли 2030 даҳ миллион дарахт дар ин кишвар кошта хоҳад шуд.

Бӯстони қуръонии Қатар ҳамчунин шуморе аз мақолоти илмии мунташир шуда аз сӯи ин марказ ва ҳамчунин асаре мунташир шуда дар бораи дарахти «Самара»-ро низ дар ҳошияи ин нишаст ироа кард. Ин дарахт, ки ба гуфтаи муфассирони Қуръони Карим дар сураи Фатҳ аз он ёд шуда, яке аз муҳиммтарин дарахтони бумии Қатар ва шибҳи ҷазираи Арабистон ба шумор меравад.

Ғурфаи бӯстонии қуръонии Қатар дар нишасти байналмилалии Арабистон шомили намоише аз базрҳои камёби мавҷуд дар банки базри ин бӯстон буд. Гуфта мешавад акнун наздик ба се миллион ва понсадҳазор навъ базри мухталиф дар банки базри бӯстони қуръонии Қатар нигаҳдорӣ мешавад, ки бахши аъзами он базрҳои гиёҳоне аст, ки дар Қатар меруянд.

Фотима Ал-Халифӣ, мудири бӯстони қуръонии Қатар таъкид кард: Ширкат дар ин нишасти муҳимми байналмилалии нишондиҳандаи талошҳои бузурги ин бӯстон барои ҳифозат аз гиёҳон ва муҳити зисти Қатар аст.

https://iqna.ir/00Hm3t

captcha