IQNA

Қолибоф дар нутқи пеш аз дастури Маҷлиси исломӣ:

Ваҳдати имрӯзи мусулмонони ҷаҳон, як садоӣ дар масъалаи Фаластин аст

20:28 - September 15, 2024
рақами хабар: 2109
ИКНА - Раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ бо таъкид бар инки ваҳдати имрӯзи мусулмонони ҷаҳон, яксадоӣ ва ҳамдилӣ пиромуни масъалаи Фаластин аст, гуфт: Ғазза, пойтахти қалбҳои тамоми мусулмонони ҷаҳон ва меъёри ташхиси Исломи воқеии Муҳаммадӣ аз Исломи намоишӣ ва мунофиқона аст.

Ба гузориши хабарнигори ИКНА, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар нутқи пеш аз дастури худ дар ҷаласаи алании имрӯз, якшанбеи, Маҷлиси Шӯрои исломӣ, зимни табрик ва таҳнияти фарорасидани моҳи пур хайр ва баракати Рабеул-Аввал ва оғози имомати ҳазрати  Имом Маҳдӣ (а) ба миллати азизи Эрон ва ҳамчунин гиромидошти оғози ҳафтаи Ваҳдат, гуфт: Ваҳдати имрӯзи мусулмонони ҷаҳон, яксадоӣ ва ҳамдилӣ пиромуни масъалаи Фаластин аст. 

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ изҳор кард: Имрӯз Ғазза, пойтахти қалбҳои тамоми мусулмонони ҷаҳон ва меъёри ташхиси Исломи воқеии Муҳаммадӣ аз Исломи намоишӣ ва мунофиқона аст. Ормони аслии аҳли тасаннун ва ташайюъ ва тамоми фирақ ва мазоҳиби исломӣ, мутаваққиф сохтани тӯлонитарин наслкушии таърихи башар яъне наслкушии 80 солаи мардуми Фаластин тавассути ҷинояткорони ҳирфаӣ ва бераҳми саҳюнистӣ аст.

Қолибоф бо таъкид бар ин ки ҳафта Ваҳдати имсол ба лутфи Худо ҳафтаи Ваҳдати мусулмонон бар сари ормони озодии Қудси шариф хоҳад буд.

https://iqna.ir/fa/news/4236590

captcha