IQNA

 Эрдуғон: Расули Худо (с) беҳтарин улгуи тамоми даврон барои башар буд

21:04 - September 15, 2024
рақами хабар: 2111
ИКНА - Раисҷумҳури Туркия дар маросими гиромидошти мелоди Паёмбари Акрам (с) гуфт: Тамоми даврони зиндагии Паёмбари Акрам (с) аз таваллуд то реҳлат, беҳтарин улгу барои башарият аст. 

Ба гузориши хабаргузории Анатолия, раисҷумҳури Туркия дар маросиме, ки ба муносибати оғози ҳафтаи гиромидошти мелоди Паёмбари Акрам (с) аз сӯи созмони диёнати ин кишвар дар Истамбул баргузор шуд гуфт: Танҳо улгуи мо Паёмбари Ислом (с) аст.

Эрдуғон идома дод: Расули Худо (с) беҳтарин улгу дар тамоми даврони зиндагии худ аз таваллуд то реҳлаташ будааст.

Вай ибрози умедворӣ кард, ки ин муносибати фархунда барои ҳамаи мазлумон ва мустазъафон дар саросари ҷаҳон ба вижа Ғазза мояи наҷот бошад.

Раисҷумҳури Туркия бо ишора ба аҳамияти тарбияти насли қавӣ, ки аъзои он бар асоси шахсияти мустаҳкам шакл гирифта бошанд, таъкид кард: шахсиятҳои қавӣ зомини як ҷомеаи қудратманд ҳастанд. Вақте афроди ҷомеа дорои ахлоқ ва фазоил бошанд, адолат, сулҳ, амният ва рифоҳ дар ҷомеа ҳоким мешавад; Сохтани шахсият танҳо як масъулият фардӣ нест, балки як вазифаи иҷтимоӣ аст. 

Вай ба шахсияти Паёмбари Акрам (с) ва ахлоқи некӯе, ки он ҳазрат доштанд ишора кард ва гуфт: Танҳо касе, ки мо роҳи ӯро думбол ва зиндагии худро вақфи ӯ мекунем, Паёмбари бузургаворамон, ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аст. 

Раисҷумҳури Туркия идома дод: Мо ба унвони уммати исломӣ бояд ҳамбстагии худро бештар ва пайвандҳои муҳаббати худро тақвият кунем. Бояд бародарии исломиро бештар бипазирем; Арзишҳои таърихӣ ва динӣ, моро онтавр, ки шоистааст месозад.

Вай ҳамчунин дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: Ман солгарди вилояти Набӣ (с), Паёмбарамон, роҳнамоямон ва раҳбарамонро, ки барояш ҷони худро фидо хоҳем кард табрик мегӯям. Умедворем, ки ин рӯйдод барои мусулмонон ва ҳамчунин барои ҳамаи башарият баракат биёварад.

https://iqna.ir/fa/news/4236605

captcha