Сайид Абдулмалик Алҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман асри якшанбе (дирӯз) дар суханоне, ки ба муносибати солрузи мелоди Расули Акрам (с) баён кард, дар бораи ҳамлаи мушакии имрӯзи неруҳои яманӣ гуфт: Амалиёти имрӯз бо мушаки ҷадиди пешрафтаи яманӣ ва дар чорчуби марҳалаи панҷуми ташдиди таниш бо режими саҳюнистӣ аз сӯи ягони мушакӣ анҷом шуд.
Сайид Абдулмалик Алҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман эълом кард, ки ба изни Худованд ҳамлаи баъдӣ сангинтар хоҳад буд.
Вай афзуд: Неруҳои мо ба набарди худ алайҳи режими саҳюнистӣ дар дарё низ идома хоҳанд дод ва амалиёти онҳо токунун муваффақиятомез ва бисёр муассир будааст.
Сайид Абдулмалик Алҳусӣ гуфт: То замоне, ки таҳоҷуми режими саҳюнистӣ ва муҳосираи Ғазза идома дошта бошад, амалиёти мо низ идома хоҳад дошт.
Вай афзуд: Амалиёти мушакии баллистики имрӯз бо фановарии пешрафта сурат гирифт, ки аз тамоми сомонаҳои дифоии душман убур кард ва ба масофати тахминии 2040 километр расид.
Бинобар ин гузориш, генерал Яҳё Сариъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман дирӯз эълом кард: Ягони мушакии мо бо ёрии Худованд амалиёти низомии вижаеро иҷро кард, ки дар он як ҳадафи низомӣ дар минтақаи Ёфо (Телавив) дар Фаластини ишғоли ҳадаф қарор гирифт. Ин амалиёт бо як мушаки баллистики ҷадиди фаросавт анҷом шуд, ки дар исобат ба ҳадафи худ муваффақ амал кард ва сомонаҳои падофандии душман дар раҳгирӣ ва муқобила бо он шикаст хӯрд.
Вебгоҳи ибрӣ забони “Ҳадшут бизамон” низ гузориш дод: Теъдоди зиёде мушаки раҳгирии мухталиф ба самти мушаке, ки аз Яман меомад шиллик шуд, аммо он раҳгирӣ нашуд.
Расонаҳо ибрӣ изофа карданд дар пайи ба садо даромадани ожири хатар дар манотиқи васеъе бар асари мушаки яманӣ, нуҳ саҳюнист дар талош барои расидан ба паноҳгоҳҳо дар Фаластини ишғолӣ маҷрӯҳ шуданд.
Абу Убайда, сухангӯи гурдонҳои Қассом, шохаи низомии Ҳамос, низ дар вокуниш ба амалиёти имрӯзи Яман алайҳи арозии ишғолӣ дар изҳороте хотирнишон кард: Режиме, ки қодир ба раҳгирии як мушак нест; Қодир ба густариши ҷанг дар ҷабҳаҳои ҷадид нест.
Абу Убайда, амалиёти вижаи неруҳои мусаллаҳи Яман алайҳи як ҳадафи низомӣ дар наздикии Телавивро табрик гуфт ва хотирнишон кард: Мо аз мавзеъи мардуми азизи Яман дар ҳимоят аз бародарони худ дар Фаластин ва омодагии онҳо барои фидокорӣ дар ин роҳ бисёр қадрдонӣ мекунем.
Сухангӯи гурдонҳои Қассом афзуд: Силоҳи мавриди истифода дар ин амалиёт ва мавзеъе, ки ҳадаф қарор гирифта шуд, баёнгари таҳаввули кайфӣ аст, ки дар набарди Тӯфони Ал-Ақсо таъсиргузор хоҳад буд.
https://tajikpress.com/2024/09/16/