IQNA

Теъдоди шаҳидони хабарнигор дар Ғазза ба 173 нафар расид

19:30 - September 16, 2024
рақами хабар: 2116
ИКНА - Дафтари расонаи давлатӣ дар Навори Ғаззаи эълом кард, ки як хабарнигори фаластинӣ дар бомбаборони режими саҳюнистӣ дар Ғавори Ғазза ба шаҳодат расид ва теъдоди хабарнигорони шаҳидро ба 173 нафар расонд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Дафтари расонаи давлатӣ дар Навори Ғаззаи эълом кард, ки як хабарнигори фаластинӣ дар бомбаборони режими саҳюнистӣ дар Ғавори Ғазза ба шаҳодат расид ва теъдоди хабарнигорони шаҳидро ба 173 нафар расонд.
Ин дафтар дар баёнияе эълом кард: Теъдоди шаҳидони хабарнигори зану мард аз оғози ҷанги наслкушӣ дар Ғазза, пас аз шаҳодати ҳамкори рӯзноманигор Абдуллоҳ Шошак, ки ба унвони рӯзноманигор бо чандин рӯзнома кор мекард, ба 173 хабарнигори зану мард расидааст.
Ин рӯзноманигори давлатӣ дар баёнияи худ ҳамлаи артиши Исроил ба хабарнигорони фаластиниро маҳкум кард ва онро масъули қатли рӯзноманигорон донист.
Дар ин баёния аз ҷомеа байналмилалӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои муртабит бо кори рӯзноманигорӣ дар ҷаҳон хоста шудааст то аз ишғолгарӣ ҷилавгирӣ кунанд, онро дар додгоҳҳои байналмилалӣ ба далели ҷиноёти мустамарраш таҳти таъқиб қарор диҳанд ва ба он фишор биоваранд то ҷинояти наслкуширо мутаваққиф кунад, ва қатлу террори рӯзноманигорони фаластиниро мутаваққиф кунад.

https://tajikpress.com/2024/09/16/

captcha