Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Алҳамду лиллоҳи раббил-оламин
Вассалоту вассалому ало сайидино Муҳаммадин ва Олиҳит-тоҳирин ва саҳбиҳил-мунтаҷабин ва ман табиаҳум биэҳсонин ило явмиддин
Ин иҷтимои имрӯз, ки ба баракати номи муқаддаси Набии Акрам (с) дар ин ҷо ташкил шудааст, барои ман хеле ҷолибу ширин ва зебост. Дар гузашта гоҳе иҷтимооте бо уламои бародарони аҳли суннат доштем, ба хусус бо уламои балуч, ки ман собиқаи зиёде бо ин оқоён дорам, лекин муддате буд, ки чунин ҷамъеро зиёрат накарда будем. Имрӯз, алҳамду лиллоҳ, шумо ин ҷо ташриф доред. Бо баъзе аз оқоён мисли мавлавӣ Абдурраҳмон ва мавлавӣ Содотӣ ва мавлавӣ Абдуссамад аз қадим бо баъзе аз замони табъид дар Ироншаҳр ва бо баъзе аз аввоили пирӯзии Инқилоби Исломӣ бо ҳам иртибот ва дӯстӣ дорем. Чаро мулло Қодир дар ин ҷаласа нестанд? Алҳамду лиллоҳ, ҷамъи ҳозир гули сарсабаде аз маҷмуаи аносири аҳли суннати кишвар мо ҳаст. Баёноте ҳам, ки кардед, баёноти бисёр хуб ва дурусте буд. Ин шоа Аллоҳ, Худованд ба мо кумак кунад, ки битавонем дар роҳи аҳдофи олии Ислом ҳаракат кунем.
Масъалаи асосии банда масъалаи “уммати исломӣ” аст. Ман солҳост бар рӯи вожаи “уммати исломӣ” ба хусус дониста такя мекунам, ки мо фаромӯш накунем, ки як умматем. Бале, баъзе эронӣ, баъзе ироқӣ, баъзе шомӣ ва ғайри инҳо ҳастем, лекин ин марзҳо ҳақиқати уммати исломиро тағйир намедиҳад. Ҳамаи саъйи душманони Ислом ин буда, ки моро нисбат ба ҳувияти воҳидае, ки исмаш “уммати исломӣ” аст, бетафовут кунанд. Ин намешавад, ки ман худамро мусулмон бидонам, аммо худамро аз ранҷе, ки як мусулмон дар Миёнмор ё Ғазза ё Ҳинд ё ҷои дигар мекашад, ғофил бидонам. Ин имкон надорад. Ин хилофи таолим ва усули исломӣ аст. Мумкин аст, шумо шахсан натавонед барои кумаки он мусулмон коре анҷом диҳед, аммо ҳамдилӣ ва ҳамдардӣ ҳақиқате аст, ки бояд вуҷуд дошта бошад. Бештари ҳиммат ва талоши банда дар заминаи масоили шиа ва суннӣ ва монанди он, ки дар кишвар ҳаст, нозир ба ин ҷиҳат аст, ки мо унвони уммати исломиро фаромӯш накунем. Ман хоҳиш мекунам, ки оқоён дар намозҳои ҷумъа ва иҷтимооти бузурге, ки ташкил мешавад, дар робита бо аносири барҷаста ва зубдаи аҳли суннат дар бахшҳои мухталиф унвони уммати исломиро такрор кунанд. Коре кунем, ки мо ба ҳуш биёем ва бифаҳмем, ки мо илова бар сифати эронӣ будан, як сифати болотар ва муҳимтаре дорем ва он мусулмон ва узви уммати исломӣ будан аст. Ин як нуктаи аслӣ аст.
Нуктаи дувум ин аст, ки ҳамин иҷтимои чанддаҳнафараи мо, ки ин ҷо нишастем, қатъан дар дунё душманонеро ба аксуламал водор мекунад. Худи ҳамин даври ҳам нишастани мо як иддаеро ба аксуламал водор мекунад. Намехоҳанд ин иттифоқ биафтад. Намехоҳанд, ки ихтилофи мазҳабӣ вуҷуд надошта бошад. Албатта, дар ин замина англисҳо таҷрибаи бештаре доранд ва амрикоиҳо ахиран аз онҳо ёд гирифтанд. Мо бояд бидонем, ки авомили муассири фикрӣ, таблиғӣ, расонаӣ ва иқтисодӣ барои ҷудо кардани шиа ва суннӣ дар дохили кишвари мо ва ҳама ҷои дигар дар ҳоли кор ҳастанд. Дар кишвари мо баъд аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ ин фаъолият бештар ва чандин баробари қабл аз инқилоб шуд. Қабл аз инқилоб душманон дар дохили кишвар камтар дар ин замина фаъолият мекарданд. Баъд аз инқилоб ангеза пайдо карданд, то як мояи ихтилоферо ба вуҷуд биёранд ва онро ташдид кунанд ва аз назари онҳо беҳтар аз ҳама ихтилофи мазҳабӣ буд. Як иддаеро аз ин тараф водор кунанд, ки лаҷ (ва таассуб)-и тарафи дигарро ба вуҷуд биёрад ва ба онҳо беэҳтиромӣ ва бадгӯӣ кунад ва як иддаеро аз он тараф водор кунанд, ки нисбат ба ин тараф ҳамон корро анҷом диҳад. Ин мухолифат вуҷуд дорад ва илоҷаш ин аст, ки мо бар рӯи ваҳдат такя кунем. Ваҳдат, ҳамон тавре ки ишон ишора карданд, як тактика нест; ваҳдат асле аз усули Ислом аст; ваҳдат як амри қуръонӣ аст. Ин ки Худованд мефармояд: وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا
(бахше ояти 103 сураи Оли Имрон) ин хеле муҳим аст. Яъне дар эътисом ба ҳаблиллоҳ ҳам, ки муҳимтарин корҳост, иҷтимоъ ва иттифоқ дошта бошед ва мазҳараш масалан масъалаи ҳаҷ ва намози ҷумъа аст. Пас иҷтимоъ ҳатто дар эътисом ба ҳаблиллоҳ мавриди назари Қуръон ва шариати исломӣ аст. Ин хеле масъалаи муҳим аст. Ё дар ояти 9 сураи Ҳуҷурот мефармояд:
وَإِنْ طَائِفَتَانِ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ اقْتَتَلُوا فَأَصْلِحُوا بَيْنَهُمَا ۖ فَإِنْ بَغَتْ إِحْدَاهُمَا عَلَى الْأُخْرَىٰ فَقَاتِلُوا الَّتِي تَبْغِي حَتَّىٰ تَفِيءَ إِلَىٰ أَمْرِ اللَّهِ
Яъне масъалаи иттифоқ ва иттиҳод ин қадар муҳим аст, ки агар касе бағй кард, бояд бо он мусулмон муқотила кард, то ӯро ба ваҳдат баргардонед. Ваҳдат ин қадар муҳим аст ва намешавад инҳоро нодида гирифт. Баъд дар ояти 10 ҳамин сура мефармояд:
إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ فَأَصْلِحُوا بَيْنَ أَخَوَيْكُمْ
Ин як асли қуръонӣ аст ва мо набояд аз масъалаи ваҳдат ғафлат кунем.
Як иддае ваҳдатро махдуш мекунанд; баъзе дониста ва баъзе надониста ин корро мекунанд. Авом аз ҳар ду тараф надониста ин корро мекунанд, вале хеле аз хавос дониста ин корро мекунанд. Бояд бо инҳо муқобила кард; инҳо зарари ихтилофи мазҳабиро барои Ислом, дунёи Ислом, уммати исломӣ ва якояки миллатҳои мусулмон дарк намекунанд ва намефаҳманд. Инсон тааҷҷуб мекунад, ки чӣ тавр инҳо ин зарарро намефаҳманд!? Ҷараёни мухолифро таҳрик мекунанд. Шумо бибинед, ки як ҷараёни такфир пайдо мешавад ва шиа ва суннӣ барояш фарқе надорад ва олими шиа ва шайхул-исломи Санандаҷ ва мавлавӣ Ҳусейнбури Балучистонро ҳам мезанад ва бо ҳар касе, ки ангезаи ваҳдат дорад, душманӣ мекунад. Ин душман аст ва намешавад аз душмании ӯ чашмпӯшӣ кард. Албатта, биҳамдиллоҳ, ман воқеан Худоро шокирам, ки дар сатҳи кишвар ҷомеаи аҳли суннат бо вуҷуди ин ҳама тавтеа ва ангезаҳои хасмонае, ки вуҷуд дошт, муқобила ва мубориза карданд ва ишон ҳам ишора карданд; мо понздаҳ ҳазор шаҳид аз аҳли суннат дар давраи дифои муқаддас ва дигар ҷоҳо доштем ва чӣ қадар уламои аҳли суннат дар роҳи ҳақ ва Инқилоби Исломӣ ба шаҳодат расиданд.
Ҳадафи мо иззати уммати исломӣ аст. Иззати уммати исломӣ ҳам ҷуз бо иттифоқ ва иттиҳод ба даст намеояд. Бояд, ҳама дар ин замина талош кунем. Имрӯз, ба назари ман яке аз воҷиботи қатъӣ ҳимоят аз мазлумони Ғазза ва Фаластин аст. Ин қатъан яке аз воҷиботе аст, ки Худои Мутаол дар қиёмат аз ҳамаи мо савол хоҳад кард, агар чунон чи ба ин воҷиб амал накунем. Ҳар кас, ҳар тавр ки метавонад, бояд амал кунад; яке метавонад пул диҳад, яке метавонад силоҳ диҳад, яке метавонад кумаки сиёсӣ кунад, яке метавонад дар минбар ва намози ҷумъа таблиғ кунад ва матлабро баён кунад. Агар чунон чи мо аз ин таклиф сарпечӣ кунем, қатъан масъул хоҳем буд. Умедворем, ин шоа Аллоҳ, Худои Мутаол уммати исломиро сарбаланд кунад.
Ман аз шумо бародарони азиз, ки имрӯз ин ҷо ташриф овардед, хеле ташаккур мекунам ва ҳамчунин аз оқои Муҳаммадиён ва дӯстонашон, ки ин ҷаласаро тартиб доданд ва ин тавфиқро барои ман фароҳам карданд, ки шуморо ин ҷо зиёрат кунам. Худо, ин шоа Аллоҳ, уммати исломиро сарбаланд кунад ва дилҳои бародарони мусулмонро аз фирқаҳо ва мазоҳиби мухталиф ба ҳам наздиктар кунад ва муштаракотро дар назарашон бузург кунад. Мо ин қадар муштаракот дорем, вале онро намебинем ва ғолибан рӯи ифтироқ такя мекунем. Худованд, ин шоа Аллоҳ, кумак кунад, ки ин масоилро амал кунем.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
https://tajikpress.com/2024/09/16