Ба гузориши манобеи хабарӣ, рӯзи гузашта 1300 фаластинии ҳофизи Қуръон дар шаҳри Ал-Халил дар ҷануби Каронаи Бохтарии ишғолӣ ба муносибати солрузи мелоди Набии Акрам (с) дар як барномаи қуръонӣ ширкат карданд.
Муътззи Абусания, мудири масҷиди иброҳимӣ гуфт: 1300 ҳофизи зан ва мард оёте аз сураи муборакаи Бақара (48 сафҳа)-ро дар як ҷаласа дар мусаллоҳои Ал-Исҳоқия, Ал-Ҷаврия, Ал-Моликия ва минтақаи Саҳни мақоми Иброҳимия, Юсуфия ва Яъқубия тиловат карданд.
Вай идома дод: Ин маросим дар солрузи мелоди Паёмбари Акрам (с) зери назари идораи авқофи Ал-Халил ва бо мушорикати густурдаи мардумӣ баргузор шуд.
Абусания хотирнишон кард, ки ин масҷид мизбони фаъолитҳои мутааддиде аз ҷумла мадеҳасроӣ, зикр ва суханрониҳое дар мавриди таърихи масҷид барои бузургдошти солрузи мелоди Паёмбари Ислом (с) хоҳад буд.
Вай таъкид кард, ки ин рӯйдод дар чорчуби тақвияти ҳузур дар масҷиди иброҳимӣ аст, ки ҳадафи ҳатки ҳурмати пайваста аз сӯи Исроил қарор дорад. Ишғолгарон бо афзоиши сахтгирӣ дар вурудиҳои ин масҷид, кортҳои шиносоии намозгузоронро баррасӣ мекунанд ва монеъи вуруди онҳо барои иқомаи намоз мешаванд.
Ғассон Ал-Раҷабӣ, мудири авқофи шаҳри Ал-Халил дар баёнияе гуфт: Мақомоти исроилӣ аз 7 октябри гузашта маҳдудиятҳоеро барои фаластиниён дар мавриди масҷиди иброҳимӣ оғоз кардаанд.
Масҷиди иброҳимӣ дар шаҳри қадимии Ал-Халил, ки таҳти кантроли Исроил аст, қарор дорад ва ҳудуди 400 шаҳракнишин дар он зиндагӣ мекунанд, ки тавассути ҳудуди 1500 сарбози саҳюнист муҳофизат мешаванд.
Масҷиди иброҳимӣ, ки ҳарами иброҳимӣ низ хонда мешавад, як макони мазҳабии муҳим аст, ки эътиқод бар ин аст, ки мақбараи ҳазрати Иброҳим (а) ва ҳамсараш Сора ба ҳамроҳи ҳазрати Исҳоқ, Яъқуб ва ҳамсарони онҳо дар онҷо қарор дорад. ин макони муқаддас барои мусулмонон, яҳудиён ва масеҳиён маҳсуб мешавад ва таърихи он нишондиҳандаи ҳамзистии мазҳабӣ ва фарҳангӣ аст.