Дар чанд ҳафтаи қабл, ки Исмоил Ҳания, раҳбари ҷунбиши исломии Ҳамос, дар Теҳрон террор шуд ва Фуод Шукр, фармондеҳи аршади Ҳизбуллоҳ, дар Бейрут ба шаҳодат расид, ҳадс ва гумонҳои зиёде дар бораи вуқӯъи як даргирии густурдатар ва тӯлонитар дар Ховари Миёна матраҳ шудааст. Бар поя ин дидгоҳ, агар Эрон ва Ҳизбуллоҳ тасмим бигиранд, ки аз тариқи ҳамалоти мустақим ба Исроил интиқом бигиранд, мумкин аст корзори кунунии Исроил дар Ғазза ба як ҷанги минтақаӣ табдил шавад. Дар ин сенария, неруҳои режими ҷинояткори Исроил даргири набардҳои бо шиддати боло дар ҷабҳаҳои мухталиф ва бо гурӯҳҳои мусаллаҳи мутааддиде хоҳанд шуд, ки ба шиддат мунҷар ба новбудии режими ҷинояткори саҳюнистӣ хоҳад шуд.
Албатта ин нуктаҳам қобили баён аст, ки ин ҷанги минтақаӣ ҳамокунун дар ҳоли вуқӯъ аст ва аз ҳамон оғози, «ҷанги Ғазза» ин ҷанг ру ба густариш буд ва иллати аслии онҳам худи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнисӣ ва ҳимоятои бечуну ҷарои Амрико ва Ғарб будааст.
Дар набарде, ки яке аз тӯлонитарин ҷангҳо аз замони таъсиси ин режими ҷинояткор ва кӯдаккуш будааст. Токунун натавониста ба ҳеҷ як аз аҳдофе ки ҳудуди як соли қабл Нетаняҳу нахуствазири ҷинояткори ин режим ваъда додабуд бирасад ва иллати асосии он ҳам гуруҳҳои муқовимати мантақа будааст. Чаро ки рӯзи баъд аз ҳамлаи ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза, Ҳизбуллоҳ ҳамалот ба Исроилро оғоз ва эълом кард, ки то замоне, ки даргириҳо дар Ғазза идома ёбад, ба ҳамалоти худ идома хоҳад дод. Каме баъд, Ҳасиҳо дар Яман низ ба ин ҳамалот пайвастанд ва ба ҳамалоти мудовим ба ҳамлу нақли киштиҳои саҳюнистӣ дар дарёи Сурх ва дарёи Араб ва партоби мушакҳо ва паҳподҳо ба Исроил идома доданд, аз ҷумла яке, ки чанд рӯзи қабл дар маркази Телавив мунфаҷир шуд.
Дар айни ҳол, гурӯҳҳои мусаллаҳи шиъа дар Ироқ ва гоҳе авқот дар Сурия низ бо паҳподҳо ва мушакҳои худ режими Исроилро таҳдид кардаанд ва дар миёнаи апрел, пас аз он ки Исроил як ҳамлаи ҳавоии маргбор дар наздикии як маҷмӯаи дипломатики Эрон дар Димишқ анҷом дод, Эрон бо шиллики беш аз 350 мушаки баллистик, мушакҳои Куруз ва паҳпод ба Исроил ҳамла кард, ки пешинаи тозае аз даргирии мустақим ва аланӣ байни он ду эҷод кард.
Бо ин ҳол, то кунун, ин ҷанги тӯлоние ки режими палиди саҳюнисӣ дар пеш гирифтааст, шиддати маҳдуде доштааст, ки агар режими саҳюнистӣ вазъиятро ташдид кунанд, ин амр паёмадҳои амиқ ва вахиме барои амният ва роҳбурди режими Исроил хоҳад дошт.
https://tajikpress.com/2024/09/18