Ба гузориши манобеи хабарӣ, Ансоруллоҳи Яман бо интишори баёнияе амалиёти террористии режими саҳюнистӣ дар Лубнонро ба шиддат маҳкум кард ва ин амалиётро як ҷинояти ҷангии тамомаёр ва нақзи ошкори ҳокимияти Лубнон бо ҳимояти Амрико донист.
Дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳ дар баёнияи худ амалиёти террористии режими саҳюнистӣ алайҳи Лубнонро, ки ба шаҳодат ва захмӣ шудани шумори зиёде аз шаҳрвандони ин кишвар анҷомид, ба шиддат маҳкум кард.
Дар ин баёния омадааст: Иқдоми режими саҳюнистӣ зидди ғайри низомиён дар Лубнон, як ҷинояти ҷангии тамомаёр ва нақзи ошкори ҳокимияти Лубнон аст.
Дар идомаи ин баёния омадааст: Режими палид ва кӯадаккуши саҳюнистӣ ба тадовуми ҷиноёти худ, чӣ дар Ғазза ва чӣ дар Лубнон дар сояи ҳимоят ва кумаки ҳамаҷонибаи Амрико рӯй медиҳад.
Ансоруллоҳи Яман таъкид кард: Ҳизбуллоҳи Лубнон баҳои истодагӣ бар усули имонӣ, ахлоқии шуҷоъонаи худ дар ҳимоят аз миллат ва муқовимати Фаластинро мепардозад ва мавозеъи Ҳизбуллоҳ, душмани саҳюнистиро мустаъсал карда ва талафоти ҷонӣ ва моддии зиёде ба онҳо ворид кардааст.
Ансоруллоҳи Яман афзуд: Тавассули душмани саҳюнистӣ ба ин гуна ҷиноятҳо баёнгари нотавонӣ ва варшикастагии ин режими палид ва ҷинояткор дар рӯёрӯии мустақими низомӣ бо Ҳизбуллоҳ аст.
Ин ҷунбиш афзуд: Ансоруллоҳ ҳамбстагии комили худро бо миллат ва муқовимати Лубнон иброз медорад ва ин ҳаққи муқовимат ва Лубнон аст, ки ба ташдиди таниши хатарноки саҳюнистҳо посух диҳад.
Ансоруллоҳ баён кард: Мо ба қудрат ва иқтидори низомии Лубнон ва муқовимати он дар рӯёрӯӣ бо таниши Исроил фориғ аз ҳаргуна чолиш ва табаоти он имон дорем.
Дар поёни ин баёния таъкид шудааст, ки Ансоруллоҳ истодагии худ дар канори миллати Лубнон ва муқовимати исломии он дар муқобила бо душмани саҳюнистиро эълом мекунад ва ин таҷовуз монее дар истимрори меҳвари Қудс, ҷиҳод ва муқовимат дар пуштибонӣ аз мардуми Фаластин ва таҳаққуқи пирӯзӣ дар масъалаи одилона нахоҳад буд.
Вокуниши Иттиҳодияи Аврупо ба инфиҷорҳои Лубнон
Ҷозеф, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо маҳкумияти амалиёти террористии ахир дар Лубнон, ки ба шаҳодати шуморе аз шаҳрвандони ғайринизомӣ ва захмӣ шудани ҳазорон тан анҷомид, ангезаи омилони онро густариши террор дар Лубнон донист.
Ба гуфтаи пойгоҳи хабарии Ан-Нашираи Лубнон, Ҷозеф Баррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо интишор баёнияе амалиёти террористии режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Лубнонро ба шиддат маҳкум кард.
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо таъкид кард: Ҳамалоти кӯр дар Лубнон, ки осеби ҷиддӣ ба ҷони шаҳрвандон ворид карда, ғайриқобили қабул аст ва «ҳар, ки дар варои ин ҳамалот аст» ҳадафи ӯ густариши террор дар Лубнон аст.
Ҷозеф Баррел ин суханонро дар ҳоле баён мекунад, ки ҳадди ақал як узви Иттиҳодияи Аврупо ба шакли мустақим дар ин ҳамла мушорикат доштааст. Ширкати Тайвании «Gold Apollo», ки ба тавлиди пейҷерҳои мунфаҷиршуда дар Лубнон муттаҳам шуда, муддаӣ аст, ки ин пейҷерҳо дар ширкати мустақар дар Будапешт, пойтахти Венгрия тавлид шудааст.
Вазири хориҷаи Лубнон: Посухи Ҳизбуллоҳ қатъӣ аст
Абдуллоҳ Боҳабиб, вазири умури хориҷаи Лубнон дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии “CNN” шароити кунунӣ дар Лубнонро тарснок тавсиф ва таъкид кард: Тавони мутақоид кардани Ҳизбуллоҳ мисли гузаштаро надорем зеро посухи онҳо қатъӣ аст.
Абдуллоҳ Боҳабиб, дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии “CNN” дар бораи инфиҷори пейҷерҳо, ки дар пайи он ба шаҳодати шуморе аз шаҳрвандони ғайринизомӣ ва захмӣ шудани ҳазорон тан дар Лубнон анҷомид, гуфт: «Давлат нигарони ин масъала аст, ки ҳамалоти мутаволии маргбори Исроил ба Лубнон мумкин аст пеш даромади вуқӯъи ҷанги фарогир шавад.
Баъд аз зӯҳри сешанбе ва як рӯз пас аз инфиҷори пейҷерҳо дар Лубнон, бар асари инфиҷори дастгоҳҳои иртиботии бесим аз навъи пейҷер дар Лубнон дасти кам 20 тан шаҳид ва ҳазорон тани дигар захмӣ шуданд. Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе, режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистиро мсъули ин ҳамла эълом ва таъкид кард: Душман баҳои ин таҷовузи ҷинояткоронаро қатъан хоҳад дод.
https://iqna.ir/00HmMm