Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҳамос дар баёнияе таъкид кард: Мавзеи ғурурофарини Ҳизбуллоҳ мавриди тақдиру ҳимояти миллат ва муқовимати Фаластин аст; ин суханронӣ зарбаи сахте ба Нетаняҳу ва ҳукумати фашистии ӯ ворид карда ва ҳамаи нақшаҳои шайтонии ин режим барои нобудии миллат ва муқовиматро беасар кард.
Муқовимати исломии Фаластин таъкид кард: “Ин режим бо амалиёти террористӣ ва ваҳшигрии ҳавлноки худ дар Ғазза дар давоми чандин моҳ ва ҷиноёти ин режими алайҳи миллати Лубнон дар рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе ҳадафе ҷуз нобудии муқовимати исломӣ надорад”.
Ҳамос дар ин баёния таъкид кард: “Терроризми режими Исроил бо анвои қатл, шиканҷа, куштори дастаҷамъона ва ҷиноёте ки алайҳи мардуми бедифои Фаластин ва Лубнон дар пеш гирифтааст, ҳамаи қавонин, тавофуқнома, ва арзишҳои инсонии ҷомеаи ҷаҳониро зери по гузошта ва ба ҳеҷ қонуне пойбанд нест. Ин ҷиноёти режими ишғолгар нишон медиҳад ин режим ба ҳечкадом аз қавонин ва лоиҳаои байналмилалӣ пойбанд нест ва ба хатаре барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил шудааст. Ба ҳамин хотир кишварҳои ҷаҳон бояд дар як мавзеи ҳамоҳанг ва муттаҳид барои поёндодан ба ҷиноёти ваҳшиёнаи ин режим иқдоми ҷиддӣ иттихоз карда ва барои муҳокимаи ин режим чорае андешанд.
Ҳамос бори дигар аз ҳимоятҳои Ҳизбуллоҳ ва мушорикати фаъоли ин ҳизб дар ҷанг, иқдомоти муассири он алайҳи режими саҳюнистӣ ва таъсири мусбате ки дар амалиёти Тӯфони Ақсо доштааст, тақдиру ташаккур кард.
Ҳамос ҳамчунин таъкид кард: Ин фидокориҳо ҷонфишониҳои размандагони Ҳизбуллоҳи Лубнон, ва хунҳои поке ки дар муддати қариб ба як сол рехта шудааст, ҳамсанги ҳамаи ҷонфишониҳо ва хунҳои поки мардуми Фаластин аст, ва ҳар дуи ин миллат бо рехтани хуни худ дар роҳи озодии Қудси шариф дарахти ҷиҳоду эсорро ҷони тозае додаанд.
Сайид Ҳасан Насруллоҳ, рӯзи панҷшанбе дар суханронии худ эълом кард, ки бархилофи ҳамлаи террристии сахти режими Исроил ба Ҳизбуллоҳ, ин ҷунбиш аз ҳимояти Ғазза ва Фаластин даст намекашад.
https://tajikpress.com/2024/09/20