IQNA

Теҳрон мизбони конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ

19:18 - September 21, 2024
рақами хабар: 2140
ИКНА – Теҳрон мизбони сию ҳаштумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ аст, ки аз субҳи рӯзи панҷшнбе дар салони иҷлоси байналмилалии Сарони ин шаҳр оғоз шуда ва то рӯзи шанбе идома хоҳад дошт.

Ин ҳамоиш, ки ҳар сола ба муносибати гиромидошти ҳафтаи Ваҳдат ва мелоди Паёмбари Акрам (с) ба ҳиммати маҷмаъи ҷаҳонии Тақриби мазоҳиби исломӣ баргузор мешавад. Имсол, Фаластин мавзӯъи аслии ин рӯйдод аст. 

Конфронси Ваҳдати исломӣ имсол бо шиори "Ҳамкории исломӣ барои дастёбӣ ба арзишҳои муштарак бо таъкид бар масъалаи Фаластин" баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш уламои шиъа ва суннӣ аз Эрон ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳузур доранд. Ба гуфтаи баргузоркунандагон, меҳмононе аз 30 кишвар аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Урдун, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва ҳамчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Индонезия ва ғайра дар ин конфронс ҳузур доранд. Дидор бо раҳбари инқилоби исломии Эрон, боздид аз марокизи илмӣ ва фановарӣ, зиёрати марқади Имом Хумайнӣ (ра) дар ҷануби Теҳрон, боздид аз бурҷи Мелоди Теҳрон дар рӯзи ҷумъа аз барномаҳои меҳмонони сию ҳаштумин ҳамоиш буда аст.

код

https://iqna.ir/en/news/3489967

captcha