Ба гузориши пойгоҳи хабарии «Ал-Аҳд», ин маҳофили қуръонӣ ба ҳиммати Ҳизбуллоҳи Лубнон ва дар Зоҳияи ҷанубӣ баргузор шуд ва теъдоде аз қориёни байналмилалӣ ва барҷастаи Лубнон дар ин маҳофил ба тиловати оёте аз каломи ваҳй пардохтанд.
Дар маҳфили қуръонии маҳаллаи «Ал-Абяз», ки дар масҷиди «Қоим (а)»-ми ин минтақа баргузор шуд, Муртазо Ҳиҷозӣ ба савти фардӣ ва Ҳайдар Термес, Ҳасан Ал-Амуҷатабо Яъқуб, Муҳаммад Зайнуддин ва Муҳаммад Мунтазир ба сурати гурӯҳӣ ба тиловати Қуръон пардохтанд.
Ҳамчунин, ба муносибати солрузи вилодати Паёмбар (с), маҳфили унси бо Қуръон ба ҳиммати анҷумани Қуръонии «Оёти» Лубнон дар масҷиди «Имом Ҷавод (а)» воқеъ дар маҳаллаи «Ал-Мариҷаи» Зоҳияи ҷанубии Бейрут баргузор шуд.
Дар ин маҳофил, Муҳаммадмаҳдии Иззуддин, Юнус Юсуф, Муҳаммад Ғамуш ва Аббос Ширӣ аз қориёни барҷаста ва байналмилалии Қуръон ба тиловати Қуръон пардохтанд.