IQNA

Ҳушдори Ал-Азҳар дар бораи интишори филмҳои қироати Қуръон ҳамроҳ бо мусиқӣ

10:34 - September 23, 2024
рақами хабар: 2148
ИКНА - Ал-Азҳар ва Дорул-Ифтои Миср эълом карданд, ки сохт ва пахши клип аз қироати Қуръон ҳамроҳ бо мусиқӣ мамнуъ аст зеро ҳатки ҳурмати Қуръони Карим ба шумор меравад.

Ба гузориши хабаргузории "Арабӣ 21", Ал-Азҳар ва Дорул-Ифтои Миср ба шаҳрвандони ин кишвар нисбат ба интишори клипҳои тиловати Қуръони Карим ҳамроҳ бо мусиқӣ ҳушдор доданд ва таъкид карданд, ки ин кор аз назари қонунӣ мамнуъ аст ва ҳатки ҳурмати Қуръон ба шумор меравад.

Дидабони мубориза бо ифротгароии Ал-Азҳар ахиран ба фарогир шудани падидаи ҷадиде ба номи «Овозҳои қуръонӣ» , ки дар он оёти шарифа бо истифода аз мусиқии ғарбӣ бо иддаои навоварӣ дар ироаи достонҳои қуръонӣ хонда мешавад ишора ва эълом кардааст ин клипҳо аз тариқи ҳисобҳои ношинос бо истифода аз ҳуши маснуъӣ сохта шудааст.

Дидабони мубориза бо ифротгароии Ал-Азҳар таъкид кард, ки Қуръони Карим каломи Худованд ва мӯъҷизаи ҷовдонаи Ӯст ва қироати Қуръон ҳамроҳ бо мусиқӣ шаръан ҳаром аст.

Ин ниҳод хотирнишон кард: Бардошт аз ҳадиси Набавӣ «لَيْسَ مِنَّا مَنْ لَمْ يَتَغَنَّ بِالقُرْآن»  ба унвони даъват ба хондани Қуръони Карим бо овоз, таҳриф аз маънои саҳеҳи ин ҳадис аст, ки ҳадафи он хондани Қуръон бо савти зебо аст.

Дидабони мубориза бо ифротгароии Ал-Азҳар афзуд, ки ин падида бахше аз як мавҷи таҳоҷумӣ аст, ки Қуръони Карим ва мусулмононро ҳадаф қарор медиҳад ва дар идома иқдомоте аз ҷумла сӯзондани Қуръон Карим ва талош барои таҳрифи оёти он аст. 

Ин дидабон ҳамчунин ҳушдор дод: Иҷрои ин сабки ғарбӣ ба баҳонаи тасҳили ҳифзи Қуръон, тавҳин ба мероси азими тиловати Қуръон бо садоҳои дилнишин ба вижа аз қориёни машҳури мисрӣ аст.

Дидабони мубориза бо ифротгароии Ал-Азҳар, аз қувваи Муқаннанаи ин кишвар хост то бо вазъи қавонини ҷурмингорӣ иҳонат ба адён ва вазъи қавонини ҷадид барои истифода аз ҳуши маснуъӣ дар бархурди бо мутуни мазҳабӣ ва муқаддасот бо падидаи «Овозҳои қуръонӣ» бархурд кунад.

Дорул-Ифтои Миср, низ ба навбаи худ таъкид кард, ки таблиғи ин клипҳо аз назари қонунӣ мамнуъ аст, зеро думбол кардани ин клипҳо кумак ба нашри ботил ва афкори шайтонӣ аст. Ин созмон аз мусулмонон хост то каналҳое, ки ин клипҳоро пахш мекунанд гузориш диҳанд, зеро онҳо каналҳое ҳастанд, ки нафрат ва тавҳин ба адёнро тарвиҷ мекунанд.

Дорул-Ифтои Миср таъкид кард хондани Қуръони Карим ҳамроҳ бо олоти мусиқӣ ва бо лаҳни овозӣ, шаръан ҳаром аст.

https://iqna.ir/fa/news/4237787

captcha