Ба гузориши манобеи хабарӣ, ширкаткунандагон дар ин кунгира ҳамаи муъмининро ба ҳифзи арзишҳои суннатӣ ва тақвияти ҳувияти шаҳрвандӣ фарохонданд ва дар баёнияи поёнӣ таъкид карданд созмонҳои занони мусулмон дар Русия бояд дар масири тақвияти ҳувияти шаҳрвандӣ дар саросари Русия ва ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои хонаводагии миллатҳои мухталиф дар Русия собитқадам бошанд.
Дар ин баёния эълом шуд ин созмонҳо бояд бо эҳтимоми вижа ба омӯзиши насли ҷавон, рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба танаввӯъи адён ва миллитҳоро дар онон парвариш диҳанд.
Ширкаткунандагон ҳамчунин бар ҳимояти худ аз фаъолиятҳои занони мусулмон дар заминаи иҷрои проектҳои умумӣ дар манотиқи «Донбасс» ва «Новороссийск» (Русия нав; Минтақаи шимоли дарёи Сиёҳ дар Федератсияи Русия) таъкид ва омодагии худро барои тақвияти ҳамкорӣ ва табодули таҷрибиёт дар ҳавзаи кор бо занон ва ҷавонони муъмин эълом карданд.
Ин кунгира бо шиори «Нақши зани мусулмон дар ҳифзи ваҳдати нажодӣ ва тақвияти рӯҳияи ватан парастӣ дар Русия; Суннатҳо ва мудернита» аз дирӯз дар шибҳи ҷазираи Крима оғоз шудааст ва имрӯз 22 сентябр ба кори худ поён медиҳад.
Созмони динии мусулмонони Ҷумҳурии худмухтори Крима ва шаҳри «Севастопол» бо ҳамкории Созмони ҳимоят аз фарҳанг, улум ва омӯзиши исломӣ ва вазорати сиёсати дохилӣ, расона ва иртибототи шибҳи ҷазираи Крима бар ин кунгира назорат доранд.
60 нафар ба намояндагӣ аз ҷавомеъи занони мусулмон дар Доғистон, Маскав, Қазон, ҷумҳурии Донетск (аз манотиқи Украина таҳти кантроли неруҳои мусаллаҳи Русия) ва Крима дар ин кунгира ҳузур ёфтаанд.