IQNA

Режими саҳюнистӣ дар ҳоли шикаст ва нобудист!

6:03 - September 26, 2024
рақами хабар: 2164
ИКНА - Дар ҳоле ки режими хабиси саҳюнистӣ ҳар рӯз бо таҷовуз ба як минтақа ва вайрон кардани манотиқи маскунӣ дар Навори Ғазза ё Лубнон ва террор ва куштори ваҳшиёна саъй дар сарпӯш гузоштан бар шикастҳои худ дар минтақа дорад, ҳар рӯз ба теъдоди саҳюнистҳое, ки сарзамини ишғолиро тарк мекунанд, зиёд мешавад ва ин ҳамон шикасти бузург ва наздикии поёни ҳатмии ин режими хабис аст.

Рӯзномаҳои муҳими ҷаҳони араб аз дурустии суханони раҳбари Эрон дар бора наздикии поёни режими саҳюнистӣ ва иқтидори ҷабҳаи муқовимати исломӣ сухан гуфтанд.
Рӯзномаи ал-Қудсул-арабӣ
Рӯзномаи ал-Қудсул-арабӣ дар гузорише навишт: Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид кард, ки муҳоҷирати баръакс поёни режими саҳюнистӣ хоҳад буд. Суханони ишон дуруст аст, ба хусус он ки истифода аз қудрати низомии пай дар пай боис шуда саҳюнистҳо ҳамеша эҳсоси таҳдид карда ва ба муҳоҷирати баръакс ва тарки минтақа рӯ биёранд, бе он ки Эрон вориди ҷанги мустақим бо онҳо шавад. Режими саҳюнистӣ аз соли 1948 барои ташвиқи яҳудиён ба муҳоҷират ба сарзамини ишғолӣ ва амн нишон додани ин минтақа хеле талош мекунад, ки эҷоди ба истилоҳ «артиши шикастнопазир» яке аз намудҳои он аст. Гузоришҳои расмӣ нишон медиҳад, ки наздик ба ним миллион саҳюнист пеш аз амалиёти Тӯфони ал-Ақсо сарзамини ишғолиро тарк кардаанд ва 375 ҳазор тан баъд аз ин амалиёт.
Рӯзномаи Раъюл-явм
Абдулборӣ Атвон таҳлилгари рӯзномаи Раъюл-явм дар хусуси режими саҳюнистӣ навишт: Нетаняҳуи шикастхӯрда ба дунболи роҳ андохтани як ҷанги фарогир ба умеди нобудии Ҳизбуллоҳ ва бозгардондани шаҳракнишинон ба манотиқи шимолӣ аст. Дур кардани неруҳои Ҳизбуллоҳ ва гурӯҳи вижаи Ризвон аз руди Литонӣ танҳо бо ҳамлаҳои ҳавоӣ имкон надорад ва эҳтимоли ҳамлаи заминӣ вуҷуд дорад, аммо ин амалиёт осон нахоҳад буд, зеро неруҳои Ҳизбуллоҳ омодаи вокуниш ҳастанд ва ҳатман дар ин майдон танҳо нахоҳанд буд. Муқовимати Ироқ рӯзи гузашта шаш амалиёти ҳуҷумӣ зидди мавозеи режими саҳюнистӣ анҷом дод ва ғофилгирии бузургтар аз самти Яман на танҳо бо паҳподҳо, балки бо мӯшакҳои мофавқи савт хоҳад буд.
Рӯзномаи ал-Ахбор
Рӯзномаи лубнонии ал-Ахбор дар гузорише навишт: Таҳлилгарони ғарбӣ аз моҳҳо қабл бо ирсоли паёмҳои ҳушдор ба режими саҳюнистӣ таъкид кардаанд, ки Ҳизбуллоҳ бисёр қудратмандтар аз соли 2006 шуда ва нобудшуданӣ нест, ҳарчанд дар баробари як зарбаи бузург қарор бигирад. Бо вуҷуди бартарии низомии режими саҳюнистӣ, ин таҳлилгарон эътироф кардаанд, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон хеле зуд сафҳои худро бозсозӣ карда ва замоне ки бо режими саҳюнистӣ рух ба рух шавад аз сӯи тамоми ҷаҳони араб ҳимоят хоҳад шуд. Ба назар мерасад буҳроне, ки Нетаняҳу бо он дасту панҷа нарм мекунад, боис шуда вай ба самти ҷанге биравад, ки омодаи он нест.
Рӯзномаи ал-Савра
Рӯзномаи сурияӣ ал-Савра дар ин бора гузориш дод: Ба назар мерасад режими саҳюнистӣ аз роҳи ҳамлаҳои таҷовузкоронаи худ ба Лубнон талош мекунад, то афкори умумии ҷаҳонро аз бунбасти ба вуҷуд омада дар Ғазза ва минтақа ва шикастҳои пай дар пай дар майдонҳои даргирӣ гумроҳ ва дур кунад. Нетаняҳу ва кабинааш аз анҷоми як дастоварди муҳим барои ҳифзи обрӯ дар баробари шаҳракнишинони саҳюнистӣ нотавон монда ба хусус он ки вай натавониста амнияти онҳоро таъмин кунад. Бо вуҷуди амалиёти террористии режими саҳюнистӣ дар Лубнон, муқовимат дар ин кишвар ҳаргиз аз байн нахоҳад рафт.
Рӯзномаи ал-Ватан
Рӯзномаи сурияӣ ал-Ватан дар гузорише навишт: Баъд аз он ки режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза тайи моҳҳои гузашта гирифтор шуд, қасд дорад ҷангро ба самти Лубнон бикашонад, то баъд аз гузашти як сол аз оғози ҷанги Ғазза ва нокомӣ дар расидан ба аҳдофи худ, корномае аз худ нишон диҳад. На сокинони шимоли Навори Ғазза аз ин минтақа берун рафтаанд ва на Ҳамос нобуд шуда ва на асирон бозгаштаанд. Нетаняҳу медонад, ки бо поёни ҷанги масъалаи додгоҳӣ ва зиндонӣ шуданаш оғоз мешавад, бинобар ин барои тӯлонӣ кардани ин авзоъ ва бештар кардани таниш бо Лубнон тамоми тавони худро ба кор мегирад то вақти бештар бихарад.
Рӯзномаи ал-Муроқиб
Рӯзномаи ал-Муроқибил-ироқӣ низ навишт: Режими саҳюнистӣ бо ҳамлаи ваҳшиёна ба Лубнон талош мекунад, то ба Ҳизбуллоҳ фишори бештар орад ва ҳимояти муқовимати Лубнонро аз Фаластин ва Навори Ғазза боздорад. Ин дар ҳолест, ки Тел-авив ҳаргиз ба ҳадафи худ дар ин хусус нахоҳад расид. Дар ин миён муқовимати исломии Ироқ низ тайи 2 рӯзи гузашта мавозеи низомиёни саҳюнистро бо мӯшакҳо ва паҳподҳои худ ҳадаф қарор дода ва Тел-авивро ба афзоиши амалиёти таҳоҷумии худ таҳдид кардааст.
Рӯзномаи ал-Масира
Рӯзномаи ямании ал-Масира навишт: Яке аз муҳимтарин дастовардҳои партоби мӯшаки мофавқи савти “Фаластин-2” аз самти Яман ба маркази сарзамини ишғолӣ, шикастани ҳайманаи низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Амрико ва ғарб бар ҷаҳон аз қарнҳо пеш то кунун будааст. Яман тавониста ба технологии сохти силоҳе даст пайдо кунад, ки ғарбиҳо ба воситаи он иқдом ба истеъмори дигар кишварҳо кардаанд. Ин технология тавониста охирин технологияҳои Амрико ва ғарбро дар заминаҳои дифои ҳавоӣ ва сохти мӯшакҳо пушти сар бигузорад. Имрӯз тамоми пойгоҳҳои низомӣ ва иқтисодии режими саҳюнистӣ дар тирраси мӯшакҳои Яман ва меҳвари муқовимат аст.
Он рӯз ба хости Худои Мутаол дур нест, ки ҷаҳониён ба хусус мусулмонони ранҷдида ва миллати қаҳрамони Фаластин нобудии ҳамешагии режими ишғолгар ва наслкуш ва саросар ҷинояткори саҳюнистии хабисро хоҳанд дид.
https://tajikpress.com/2024/09/25/

captcha