IQNA

Ахлоқи фардӣ / офати забон 5

Офати забонӣ аз манзари ахлоқи исломӣ

18:56 - September 26, 2024
рақами хабар: 2165
ИКНА - Баҳс ва ҷидол дар истилоҳи ахлоқӣ иборат аст аз хӯрдагирӣ ва ишкол гирифтан аз каломи дигарон барои ин, ки нақси каломи онҳо ошкор шавад. Ин амал маъмулан бо ангезаи бартариҷӯӣ ва худнамоӣ падид меояд.

Яке дигар аз офоти забон, ки мӯҷиби нобудии пайвандҳо шуда душманӣ ва кинаро ҷойгузини меҳр ва муҳаббат месозад, «Мароъ» аст. «Мароъ» дар луғат ба маънои пайкор кардан» ва «ҷангидан ва назди донишмандони ахлоқ иборат аст аз: «Хӯрдагирӣ ва ишкол гирифтан аз каломи дигарон барои ин, ки нақси каломи онҳо ошкор шавад». Мароъ бо ангезаи бартариҷӯӣ ва худнамоии илмӣ падид меояд ба ин маъно, ки фард дар гуфтугӯ бо дигарӣ ба ирод ва эътироз бар суханони ӯ мепардозад то ҳуш ва диққат ва зиркии хешро нишон диҳад; Аз ин рӯ мароъ дар шумори аъмоли зиште аст, ки аз сифоти нописанди дарунӣ сарчашма мегирад.

Пешвоёни дин бо таваҷҷуҳ ба осор ва паёмадҳои нохушоянди мароъ инсонро аз он наҳй ва анҷомдиҳандаашро сарзаниш кардаанд. Расули Акрам (с) мефармояд: «لا تمار اخاک». «Бо бародари диният мароъ накун» ва ё дар ҳадиси дигаре мефармояд «أَوْرَعُ النَّاسِ مَنْ تَرَكَ الْمِرَاءَ وَإِنْ كَانَ مُحِقًا» «Парҳезкортарини мардум касе аст, ки мароъро тарк кунад; Агар чи ҳаққи бо ӯ бошад».

Мароъ аз бемориҳои ахлоқӣ аст ва шахси мубталои ба он рӯҳ ва нафаси бемор дорад. Сарчашмаи ин рафтори нописанд сифоти зишти нафсонӣ аст, ки иборатанд аз душманӣ вакинаҷӯӣ, ҳасад, такаббур, ҳубби мақом ё мол. Аз паёмадҳои ин амали зишт низ метавон ба марги дил, боқимондан дар нодонӣ, нобудии аъмоли нек, нобудии пайванди дӯстӣ, эҷоди кина ва нифоқ ишора кард.

Ғафлати инсон аз осори зишти мароъ сабаби олудашудани ӯ ба ин амал мешавад; Бинобар ин таваҷҷуҳ ба осори зиёнбори он дар абъоди гуногуни рӯҳро аз мароъ безор мекунад ва танаффур ва инзиҷор мӯҷиби дӯр шудани фард аз ин амал мешавад. Роҳи дигар барои дӯрӣ аз ин ахлоқ разила, он аст, ки фард дар амал ҳамвора бар зидди мароъ рафтор кунад; Яъне гуфтори хуш ва сухани нек дошта бошад ва муроқиб бошад то ин рафтори нек малакаи рӯҳ шавад.

https://iqna.ir/en/news/3489981

 

captcha