IQNA

Рушди тафаккуроти такфирӣ дар сояи сукути давлати Озарбойҷон

19:15 - September 26, 2024
рақами хабар: 2166
ИКНА - Ҳаммарз будани Ҷумҳурии Озарбойҷон бо минтақаи Доғистон ва наздикӣ ба Ҷумҳурии Чичен дар Русия, ки тафаккуроти ваҳобӣ ва ифротӣ дар онҷо байни ҷомеаи мусулмон каме пуррангтар аст боис шуда то ин ҷараёни ваҳобӣ бо ҳимояти кишварҳое монанди Арабистон, ба оромӣ нуфуз ва таблиғоти худ дар байни мардуми Озарбойҷонро бо ҳадафи муқобила бо ташайюъ густариш диҳанд.

Аҳмад Султони; Коршиноси Осиёи Марказӣ дар матлабе, ки онро бо унвони «Рушди тафаккуроти такфирӣ дар сояи сукути давлати Озарбойҷон» дар ихтиёри ИКНА қарор додааст, тасреҳ мекунад, густариши тафаккуроти ваҳобии салафият бо таваҷҷуҳ ба ҳамсоя будани Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ва таблиғоти масмум алайҳи Эрон дар ин кишвар дар оянда метавонад мухотиротеро барои шиъаёни худи Озарбойҷон ва ҳамчунин Ҷумҳурии Исломии Эрон дошта бошад.

Матни ёддоштӣ аз ин қарор аст:

Имрӯза дар ҳоле, ки ҳамаи шаъоир ва намодҳои мазҳабии шиъа дар Озарбойҷон мамнуъ аст, такфириҳо ва ваҳобиҳо хеле роҳат ба таблиғи ақоиди худ мепардозанд ва ҳамаи шароит барои онҳо фароҳам шудааст. Ин шароит дар канори равобити густурдаи давлати Озарбойҷон бо Исроил баёнгари рӯйкарди хатарноке аст, ки сиёсатмадорони ин кишвар дар қиболи шиъаён дар пеш гирифтаанд.

Озарбойҷон бо ҷамъияте дар ҳудуди 9 миллион нафар, ки 95 дарсади онро мусулмонон ташкил медиҳанд, шояд танҳо кишвари исломӣ бошад, ки давлати он равобити сиёсӣ, тиҷорӣ ва низомии ошкор ва густурда бо Исроил дошта ва бар густариши ин равобит низ таъкид дорад.

Дарҳоле, ки ҳудуди 70 дарсади ҷамъияти ин кишварро шиъаён ташкил медиҳанд, аммо давлати Озарбойҷон ба мувозоти густариши равобит бо Исроил тайи даҳаҳои ахир саъй дар саркӯб ва тағйири бофти мазҳабии ин кишвар доштааст.

Ҳар чанд аҳли тасаннун ва шиъаёни Озарбойҷон солҳо дар канори ҳам зиндагии мусоламатомезе доштаанд, аммо давлат ба мурур ва бо баҳонаҳои сохтагӣ фаъолияти аҳзоби шиъа дар ин кишварро мамнуъ ва бисёре аз раҳбарон ва аъзои шинохташуда ва фаъоли ин аҳзобро зиндонӣ кардааст.

Давлати Озарбойҷон бо таблиғоти фаровон ва масмум, Эронро ҳомии Арманистон дар ҷанги дувуми Қарабоғ муаррифӣ мекунад ва дар муқобил аз режими Исроил ва Туркия ба унвони ҳомиёни аслии ин кишвар ва омили пирӯзии он дар ҷанги бо Арманистон ёд мекунад.

Ҳаммарз будани Озарбойҷон бо минтақаи Доғистон ва наздикӣ ба Ҷумҳурии Чичен дар Русия, ки тафаккуроти ваҳобӣ ва ифротӣ дар онҷо байни ҷомеаи мусулмон каме пуррангтар ҳаст боис шуда то ин ҷараёни ваҳобӣ бо ҳимояти кишварҳое монанди Арабистон, ба оромӣ нуфуз ва таблиғоти худ дар байни мардуми Озарбойҷон бо ҳадафи муқобила бо ташайюъро густариш диҳанд.

Фаъолият ва созмонедҳӣ ҷараёни ваҳобӣ ба қадре густариш пайдо карда, ки ахиран дар ҷанглҳои ҳаммарзи бо Русия чанд фарди ваҳобӣ бо ҳамла ба неруҳои полиси ин кишвар боис кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз неруҳои амниятии ин кишвар шуданд, ки албатта давлати ин кишвар бо сонсури ин хабар саъй кард то ҷилави эътирози афкори умумии ин кишвар нисбат ба ҷараёни ваҳобиятро бигирад.

https://iqna.ir/fa/news/4238532

captcha