Сию ҳаштумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ ба ҳиммати маҷмаъи ҷаҳонии Тақриби мазоҳиби исломӣ дар айёми ҳафтаи Ваҳдат дар Теҳрон баргузор шуд. Дар ин конфронс ҷамъе аз уламо ва фаъолони мусулмон ҳузур доштанд ва ба тарҳи дидгоҳҳои худ дар заминаи роҳкорҳои тақвияти Ваҳдат байни мазоҳиби исломӣ пардохтанд.
Сайид Иброҳими Шомӣ, устоди донишгоҳи Санъои Яман ва мубаллиғ ва фаъоли динии ин кишвар аз ширкаткунандагони ин конфронс дар гуфтугӯ бо ИКНА муҳиммтарин сифот ва вижагии ахлоқии Паёмбар(с)-ро табйин ва изҳор кард: Паёмбар (с) инсони комил бо сифоти илоҳӣ аст ва ҳеҷ камол ва фазилате вуҷуд надорад; Магар инки онро дар Паёмбар (с) ҷустуҷӯ кард. Бидуни шак боризтарин сифати илоҳӣ дар Паёмбар (с), раҳмат ва тасомуҳ аст ва Худованд дар Қуръони Карим дар бораи вай фармудааст وَإِنَّكَ لَعَلَى خُلُقٍ عَظِيمٍ: ба рости ки ту соҳиби ахлоқи азим ва барҷастае ҳастӣ. (Ояти 4 сураи Қалам), дар ояти дигаре низ омадааст: وَ ما أَرْسَلْناكَ إِلاَّ رَحْمَةً لِلْعالَمينَ: Мо туро ҷуз барои раҳмати ҷаҳониён нафиристодем; Бинобар ин Паёмбар (с) раҳмате барои ҷаҳониён аст, афроде, ки дар замони Паёмбар (с) бо ишон ҳам аср буда, ин раҳмат ва меҳрубониро дарк ва эҳсос карда буданд.
Вай дар посух ба ин савол, ки беҳтарин роҳкор барои посух ба шубаҳоте, ки дар бораи Паёмбар (с) матраҳ мекунанд, чист? Гуфт: Мутмаиннан Паёмбар (с) ҳамвора душманони мутааддиде доштаанд; Аммо ин душманон ду гурӯҳ ҳастанд; Дохилӣ ва хориҷӣ, ҳар як аз ин душманон нақши душмании дигарро комил мекунад, душманони дохилӣ шубаҳот ва аҳодис ва тафосири нодурустеро дар бораи он ҳазрат матраҳ мекунанд, ки шоистаи шаъани Паёмбар (с) нест.
Сайид Иброҳими Шомӣ, таъкид кард: Аз тарафи дигар мусташриқон бо таваҷҷуҳ ба ин аҳодис бо бардоштҳои худ, дидгоҳҳо ва назароти ғайри воқеӣ дар бораи Набии мукаррами Ислом (с) баён мекунанд; Бинобар ин бар мо воҷиб аст, ки ҳақоиқро табйин карда ва бо муроҷиа ба аҳодис ва тафосир, матолиби дуруст ва мустанад ба Қуръонро барои ҷаҳониён баён кунем ва ҳаргуна шубҳао дар бораи он ҳазратро посух диҳем.
Устоди донишгоҳи Санъо гуфт: Бисёре аз теорияҳо ва назариёте, ки мусташриқон матраҳ мекунанд, ҳеҷ поя ва асосе надорад;
Сайид Иброҳими Шомӣ, дар бораи зарурати табйини сира ва ахлоқи набавӣ барои ҷаҳониён бо таваҷҷуҳ ба шароит ва таҳаввулоти ҷаҳони имрӯз гуфт: Бидуни шак Набии мукаррами Ислом (с) усваи ҳасана барои ҷаҳониён аст; Ҳамонтавр, ки Худованд дар ояти 21 сураи Аҳзоб фармудааст لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ: Қатъан барои шумо дар [иқтидо ба] Расули Худо сармашқи некӯст; Бинобар ин ҳар фарде, ки бихоҳад дар масири Исломи саҳеҳ ва асил гом бардорад, бояд ба ахлоқ ва сираи набавӣ бозгардад.