IQNA

Ибрози ҳамбастагии мардуми Англис ва Швейтсария бо миллатҳои Лубнон ва Фаластин

11:39 - September 28, 2024
рақами хабар: 2175
ИКНА - Донишҷӯёни швейтсарияӣ ва мардуми Лондон бо барпоии таҷаммӯъҳое зимни маҳкум кардани ҷиноятҳои саҳюнистҳо, бо миллатҳои Лубнон ва Фаластин ибрози ҳамбастагӣ ва ҳамдардӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории шабакаи хабарии Ал-Маёдин, донишҷӯёни донишгоҳи Женева дар Швейтсария бо барпоии таҷаммӯъи, ҳамбастагӣ а ҳамдардии худро бо миллатҳои Фаластин ва Лубнон эълом карда ва ҷиноятҳои ишғолгарони саҳюнистӣ алайҳи мардуми ин кишварҳоро маҳкум карданд.
Дар Лондон пойтахти Англис низ тазоҳуроте барои эъломи ҳамбстагӣ бо мардуми мазлуми Лубнон ва Фаластин дар маҳкумияти ҷиноятҳои ишғолгарони саҳюнистӣ дар ин кишварҳо барпо шуд.
Дирӯз низ ҳамзамон бо рӯзҳои баргузории маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк, гурӯҳе аз мӯътаризон дар шаҳрҳои Амрико бо баргузории эътирозоти зидди ҷанг, хоҳони таваққуфи фаврии ҳамалоти режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил ба Лубнон шуданд.
Муътаризон дар мухолифат бо ҳимояти низомии Амрико аз Исроил тазоҳурот карданд. Дар майдони Гералди Ню-Йорк, ҳазорон муътариз бо дар даст доштани банерҳо ва плакордҳои ба ҳамалоти режими террористӣ Исроил ба Лубнон эътироз карданд. Муътаризон рӯи плакордҳо навишта буданд: «Даст аз сари Лубнон бардоред» ва «На ба ҷанги амрикоӣ – исроилӣ алайҳи Лубнон».
Як таҷаммӯъ дигари эътирозӣ низ дар наздикии Кохи Сафед дар Вашингтон сурат гирифт ва мӯътаризон бо дар даст доштани банер ва плакорд хостори таваққуфи ҳамалот ба Лубнон шуданд.
Чанд рӯзи қабл низ мардуми Канада бо ҳузур дар хиёбонҳои ин кишвар ҷиноятҳои ахири режими Исроил дар Ғазза ва Лубнонро маҳкум карданд.
Дар идомаи ҳимояти мардуми манотиқи мухталифи ҷаҳон аз Ғазза ва маҳкум кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ, мардуми Канада бо зуҳур дар хиёбонҳои ин кишвар ва эъломи ҳамраъйӣ бо мардуми Ғазза, чиноятхои охирини режими Исроил дар Лунбон ва Ғаззаро маҳкум карданд.
Ҳимоятгарон аз Ғазза ҳамчунин қатъи фаврии ҷанг ва оташбасро талаб карданд.
Вазорати тандурустии Лубнон эълом кард, ки дар пайи охирин ҳамалоти ҳавоии режими Исроил ба ин кишвар 100 нафар шаҳид ва 400 нафар ҳам захмӣ шудаанд.
Кумаки 8.7 миллиард долларии ҷадиди Амрико ба реими саҳюнистӣ
Дар ҳамин росто вазорати ҷанг режими саҳюнистӣ аз кумаки низомии ҷадиди давлати Амрико ба ин режим ба маблағи 8.7 миллиард доллар парда бардошт.
Ба гузориши радио артиши режими саҳюнистӣ ба нақл аз вазорати ҷанги ин режим гузориш дод, ки тавофуқҳои лозим барои бастаи ҷадиди кумакҳои низомии Амрико ба Телавив ба арзиши 8.7 миллиард доллар анҷом шудааст.
Кумаки мазкур шомили 3.5 миллиард доллар барои хариди таслиҳоти низомӣ аст, ки режими саҳюнистӣ қасд дорад дар идомаи куштори ҷамъии анҷом шуда дар Ғазза ва Лубнон аз онҳо баҳра бигирад. Болиғ бар 5.2 миллиард доллар аз ин кумаки низомӣ низ барои тақвияти сомонаҳои дифоии зидди мушакии режими саҳюнистӣ аз ҷумла гунбади оҳанин ва системи раҳгирии лайзерӣ ба кор гирифта хоҳад шуд.
Режими саҳюнистӣ дар натиҷаи ҷанги фарсоишии Ғазза ва ҷанги Лубнон, ки аз ҳафтаи қабл оғоз шуда, бахши қобили таваҷҷуҳе аз сомонаҳои радарии худро ба вижа дар марзҳои шимолӣ аз даст додааст.
https://tajikpress.com/2024/09/27

captcha