IQNA

Раҳбари инқилоби исломӣ бораи иттифоқоти ахир паёми муҳимме дод

Сарнавишти минтақаро неруҳои муқовимат ва дар раъси онон Ҳизбуллоҳи сарафроз рақам хоҳад зад

16:20 - September 28, 2024
рақами хабар: 2179
Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ дар бораи иттифоқоти ахири Лубнон паёми муҳимме содир карданд.

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Куштори мардуми бедифоъ дар Лубнон аз тарафе бори дигар хуи дарандагии саги ҳорри саҳюнистро барои ҳама ошкор кард ва аз тарафе кӯтаҳназарӣ ва сиёсати аблаҳонаи сарони режими ғосибро ба исбот расонд. Бонди терори ҳоким бар режими саҳюнист аз ҷанги ҷинояткоронаи яксолаи худ дар Ғазза дарс наомӯхтанд ва натавонистанд бифаҳманд, ки куштори дастаҷамъии занон ва кӯдакон ва мардуми ғайри низомӣ, наметавонанд дар сохти мустаҳками созмони муқовимат асар бигӯзорад ва онро аз пой биандозад. Акнун ҳамон сиёсати ҳимоқатомезро дар Лубнон меозмоянд.
Ҷинояткорони саҳюнист бидонанд, ки бисёр кӯчактар аз онанд, ки ба сохти мустаҳками Ҳизбуллоҳи Лубнон садамаи муҳимме ворид кунанд.
Ҳами нерӯҳои муқовимати минтақа дар канори Ҳизбуллоҳ ва пуштибони он аст.
Сарнавишти ин минтақаро нерӯҳои муқовимат ва дар раъси онон Ҳизбуллоҳи сарафроз рақам хоҳад зад.
Мардуми Лубнон фаромӯш накардаанд, ки дар рӯзгоре низомиёни режими ғосиб то Бейрутро зери чакма қарор медоданд. Ин Ҳизбуллоҳ буд, ки пои ононро қатъ кард ва Лубнонро азиз ва сарбаланд сохт. Имрӯз ҳам Лубнон ба ҳавлу қувваи илоҳӣ душмани мутаҷовиз ва хабис ва рӯсиёҳро пушаймон хоҳад кард.
Бар ҳамаи мусулмонон фарз аст, ки бо имконоти худ дар канори мардуми Лубнон ва Ҳизбуллоҳи сарафроз биистанд ва дар рӯё-рӯӣ бо реҷими ғосиб ва золим ва хабис, онро ёрӣ кунанд.
Вассалому ало ибодиллоҳис-солиҳин
Сайид Алии Хоманаӣ
07/07/1403 / 28/09/2024

https://iqna.ir/fa/news/4239118

captcha