Ба гузориши ТоҷикПресс, Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бар асари ҳамлаи рӯзи гузаштаи режими саҳюнистӣ ба минтақаи Зоҳия дар Бейрут, пойтахти Лубнон ба шаҳодат расид.
Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар 31 агусти 1960 дар деҳае дар ҷануби Лубнон ба дунё омад. Ӯ ба далели фишорҳои иқтисодии ҷануби Лубнон ба ҳамроҳи хонавода ба Бейрут муҳоҷират кард ва дар ҳошияи пойтахт дар маҳаллаи Карантино истиқомат кард.
Вай дар навҷавонӣ назди падараш дар мағозаи мевафурӯшӣ кор мекард. Сайидҳасан бар хилофи дӯстонаш, ки ҳамеша роҳии заминҳои футбол ва савоҳили туристии Бейрут буданд, ба манотиқи муҷовири Карантино ва монанди он мерафт то аз фазои маънавии масоҷиди онҳо истифода кунад.
Вай аз кӯдакӣ алоқаи фаровоне ба мутолиа дошт ва дар бораи дини Ислом зиёд мехонд. Ӯ таҳсилоти ибтидоиро дар мадрасаҳои Бейрут гузаронд ва ҳамзамон бо ҷангҳои дохилии Лубнон бо хонавода ба зодгоҳаш ҷануби Лубнон бозгашта мактаби миёнаро тамом кард.
Ӯ дар навҷавонӣ дар соли 1976 ба Наҷафи Ироқ рафт ва таҳсилоти динии худро дар онҷо оғоз кард. Сайидҳасан дар соли 1978 ба Лубнон бозгашт ва дар ниҳоде, ки шаҳид Мусавӣ, собиқ раҳбари Ҳизбуллоҳ онро таъсис карда буд, таҳсилоти динии худро пай гирифт ва дар ҳамон ҳол, ба фаъолиятҳои сиёсӣ дар ҷунбиши Амл машғӯл шуд.
Пас аз ташкили Ҳизбуллоҳ дар соли 1982 ба ин ҷунбиш пайваст ва дар соли 1992 ва пас аз ба шаҳодат расидани Сайид Аббоси Мӯсавӣ, дабири кулли вақти Ҳизбуллоҳи Лубнон, бо иҷмои Шӯрои раҳбарии Ҳизбуллоҳ, Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли ҷадиди ин ҷунбиш шинохта шуд.
Дар ин миён, Исроил низ дар солҳои 1993 ва 1996 амалиётҳои “хӯшаҳои хашм” ва “тасвия ҳисоб”-ро ба иҷро гузошт, ки бо муқовимати сарсахтонаи Ҳизбуллоҳ, ки аз камтарин имконоти низомӣ бархӯрдор буд, рӯбарӯ шуд.
Дар моҳи сентябри 1997 ду тан аз размандагони Ҳизбуллоҳ дар ҳамла ба яке аз мавозеи артиши Исроил дар ҷануби Лубнон ба шаҳодат расиданд ва пайкари онон ба дасти неруҳои исроилӣ афтод, аммо ба суръат мушаххас шуд, ки яке аз ин ду тан, Сайидҳодӣ, фарзанди Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ аст.
Яке аз иқдомоти муҳими Сайид Ҳасан Насруллоҳ, водор кардани артиши Исроил ба ақибнишинӣ аз ҷануби Лубнон буд. Дар пайи заработи мустамари Ҳизбуллоҳ ба артиши режими саҳюнистӣ дар соли 2000, Исроил бидуни гирифтани камтарин имтиёзе аз Ҳизбуллоҳ, аз арозии ишғолии ҷануби Лубнон ақибнишинӣ кард ва ба ҷуз манотиқи маҳдуди мазореъи Шабъо, неруҳои худро аз ҳамаи манотиқи таҳти ишғол ақиб кашид.
Пас аз он ва дар соли 2006 Ҳизбуллоҳи Лубнон ба раҳбарии Сайид Ҳасан Насруллоҳ муваффақ шуд дар ҷараёни ҷанги 33-рӯза артиши режими саҳюнистиро шикаст диҳад ва монеъ аз дастёбии ин режим ба аҳдофаш барои нобудӣ ва халъи силоҳи Ҳизбуллоҳ шавад, ин пирӯзии Ҳизбуллоҳ як шикасти таърихӣ барои Исроил ба ҳисоб меомад.
Илова бар ин Ҳизбуллоҳи Лубнон дар солҳои баъд ва дар ҷараёни муқобила бо аносири такфирӣ дар Сурия ва Ироқ нақши муассире иҷро кард.
Дар замони раҳбарии Сайид Ҳасан Насруллоҳ, Ҳизбуллоҳ аз як гуруҳи муқовимат ба қудрати минтақавӣ табдил шуд ва ба таслеҳоти пешрафтае монанди анвои мушакҳои дурбурд ва паҳподҳои размӣ ва шиносоӣ даст ёфт ва ба таҳдиди ҷиддӣ барои режими Исроил бадал шуд.
Саранҷом Сайид Ҳасан Насруллоҳ пас аз 32 сол раҳбарии Ҳизбуллоҳ дар ҷараёни ҳамлаи сангин ва террористии режими Исроил ба Зоҳия дар ҷануби Бейрут ба шаҳодат расид.
https://tajikpress.com/2024/09/29/50542