Ба гузориши Арабӣ 21, шайх Аҳмад Ал-Халилӣ, муфтии Уммон дар паёме шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҳамлаи ҳавоии режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба Зоҳияи ҷанубӣ Бейрутро тасалият гуфт.
Вай таъкид кард: Насруллоҳ замоне ба шаҳодат расид, ки беш аз 3 даҳа аз умри худро ҳамчун хоре дар галӯи режими ҷинояткори саҳюнистӣ буд. Ҳамин амр мӯҷиб шуда, ки тамоми уммати исломӣ аз шаҳодати ӯ андӯҳгин шаванд.
Муфтии Уммон афзуд: Аз Худованди Қодири Мутаол мехоҳем, ки меҳвари муқовиматро дар муқобила бо режими ҷинояткори саҳюнистӣ собит қадам гардонд.
Ал-Халилӣ зимни ибрози умедворӣ аз инки фарди ҷонишини раҳбарони фақиди Ҳизбуллоҳ битавонад роҳи онҳоро идома дода ва халаъҳои мавҷудро дар мавқеиятҳо пур кунад, афзуд: Чӣ бисёранд касоне, ки ба хости Худованд ин корро анҷом медиҳанд ва Парвардгор аҷри некӯкоронро зойеъ нахоҳад кард.
Вай дар поён аз Худованди Мутаол масъалат кард, ки муқовимати Лубнон ва Фаластинро собит қадам гардонад ва орзӯ кард, ки мусулмонон бо якдигар муттаҳид шуда ва ҳамаи масоили тафриқаомезро аз миёни худ бартараф кунанд.
Саранҷом Сайид Ҳасан Насруллоҳ пас аз 32 сол муҷоҳидат ва мубориза бо режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ва раҳбарии Ҳизбуллоҳ дар ҷараёни ҳамлаи сангин ва террористии режими Исроил ба Зоҳия дар ҷануби Бейрут ба шаҳодат расид.
https://iqna.ir/00HmrM