IQNA

Гузорише аз мушакборони ҶИЭ ба режими саҳюнистӣ

7:00 - October 02, 2024
рақами хабар: 2198
Расонаҳои режими саҳюнистӣ аз мушакборони сарзаминҳои ишғолӣ аз самти Эрон ва фаъол шудани ҳушдорҳо дар тамоми сарзаминҳои ишғолӣ хабар медиҳанд.


Расонаҳои режими саҳюнистӣ аз мушакборони сарзаминҳои ишғолӣ аз самти Эрон ва фаъол шудани ҳушдорҳо дар тамоми сарзаминҳои ишғолӣ хабар медиҳанд.
ҶИЭ дар давоми ним соат бо теъдоди 200 мушак тарсу ваҳшатро ба дили ҷинояткорони замона ба роҳ андохтааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико ва номзади феълии ҳизби ҷумҳурихоҳон дар интихоботи моҳи ноябр ба ҳамлаи густардаи мушакии Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ вокуниш нишон дод. Трамп бо судури баёнияе эълон кард: ҷаҳон акнун дар оташ буда ва шароит дар ҳоли хориҷ шудан аз контрол аст. Мо акнун ҳеҷ роҳбаре надорем, ки кишварро идора кунад. Ҷо Байден, ки аслан ҳузури физикӣ надорад ва Камала Ҳаррис, муовини вай низ аз саҳна ғоиб аст.
Вазорати дифои Амрико (Пентагон) дар вокуниш ба мушакборони талофиҷӯёнаи аз сӯи Эрон эълон кард: Эрон ҳудуди 200 мушаки баллистикро ба самти чандин сайт дар Исроил шиллик кард.
Дар баёнияи содиршуда аз сӯи Вазорати дифои Амрико бо ҳадафи нишон додани ҳимоятҳои Вашингтон аз ин режим иддао шудааст: новшиканҳои неруи дарёии Амрико ҳудуди 10 мушаки раҳгир ба самти мушакҳои эронӣ, ки ба самти Исроил дар ҳаракат буданд, шиллик карданд! Агар Эрон ба манофеи Амрико ҳамла кунад, аз шаҳрвандони худ дифоъ хоҳем кард. Мо ин ҳамлаҳои бепрворо маҳкум мекунем ва аз Эрон мехоҳем, ки ҳаргуна ҳамлаи оянда аз ҷумла аз тариқи неруҳояшро мутаваққиф кунад!
Бар асоси эътирофи расонаҳои исроилӣ, артиши режими саҳюнистӣ эълон кардааст, ки Сипоҳи ҶИЭ барои аввалин бор аз мушаки Фаттоҳ, ки Ҳайперсоник буда, истифода кардааст.
Ҷак Соливон, мушовири амнияти миллии Амрико эълон кард: Амрико нақши фаъол дар ҳифозат аз Исроил дар баробари ҳамлаи Эрон доштааст.
Соливон дар ин бора муддаӣ шуд: неруҳои амрикоӣ дӯшодӯши артиши Исроил дар раҳгирӣ ва инҳидоми мушакҳои шилликшуда аз сӯи Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ ҳамкорӣ доштанд. Мо ҳамкории наздике дар ин замина бо Телавив доштем. Новшиканҳои амрикоӣ ба ҳамроҳи сомонаи дифои мушакии Исроил ба таври воҳид ба ҳамлаи мушакии Эрон посух доданд.
Сухангӯи гурдонҳои Қасом (шохаи низомии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин Ҳамос) посухи мушакии Эрон ба ҷиноятҳои режими саҳюнистиро зарбаи қавӣ ба режими ишғолгар ва ҷинояткори саҳюнистӣ тавсиф кард.
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин, яъне Ҳамос бо судури баёнияе аз посухи мушакии Эрон ба ҷиноятҳои саҳюнистҳо истиқбол кард.
Ҷунбиши Ҳамос эълон кард: амалиёти мушакборони қаҳрамононае суратгирифта аз сӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон алайҳи манотиқи густарда дар заминҳои ишғолиямонро, ки дар вокуниш ба таҷовузи мудовими ишғолгарон дар ҳаққи миллатҳои минтақа ва дар ростои ситондани интиқоми хуни шаҳидони қаҳрамони умматамон, шаҳиди муҷоҳид Исмоил Ҳания, шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ ва шаҳид сарлашкар Аббоси Нилфурӯшон анҷом шуд,табрик мегӯем.
Вебгоҳи фаластинии «Ғазза Алон» эълон кард, ки мушакҳои эронӣ ба низомиёни артиши режими ишғолгари саҳюнистӣ дар навори Ғазза низ бархурд кардааст.
Муқовимати исломии Ироқ бо судури баёнияе ба Амрико ва режими саҳюнистӣ нисбат ба ҳаргуна моҷароҷӯӣ алайҳи Эрон ҳушдор дод.
Маҳдии Аламшот, раиси шӯрои олии сиёсии Яман аз посухи мушакии Эрон ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ истиқбол кард ва онро амалиёти машрӯъ дар ҷиҳати дифоъ аз худ ва адаб кардани режими ҷинояткори саҳюнистӣ тавсиф кард.
Аламшот ҳамчунин зимни эълони истодагии Яман дар канори Эрон афзуд: ба Амрико нисбат ба ҳаргуна бозӣ бо оташ ҳушдор медиҳем. Ҷиноятҳои душмани исроилӣ набояд бепосух ва бидуни муҷозот бимонад. Мо омода ҳастем, то дар сурати гирифтани ҳаргуна тасмими аҳмақона аз сӯи Амрико ба иқдомоти боздоранда дар баробари он даст бизанем.
Оксиус ба нақл аз бархе масъулони саҳюнист эълон кард, ки пас аз амалиёти сангини мушакии ҶИЭ ба сарзаминҳои ишғолӣ, кобинаи амниятии режими саҳюнистӣ дар зерзаминие воқеъ дар атрофи Қудси ишғолӣ ташкил ҷаласа додааст.
Пас аз расидани мушакҳои Эрон, сакуи газии режими саҳюнистӣ дар наздики савоҳили навори Ғазза оташ гирифт.
Расонаҳои хабарӣ аз бархурди мушакҳои шилликшуда аз сӯи Эрон ба сакуи газии саҳюнистӣ ба номи «Асқалон» хабар доданд.

https://tajikpress.com/2024/10/02/

captcha