IQNA

Раҳбари олии инқилоби Эрон дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон:

Кори дурахшони неруҳои мусаллаҳ комилан қонунӣ ва машрӯъ буд

19:56 - October 04, 2024
рақами хабар: 2209
ИКНА - Раҳбари олии инқилоби исмломии Эрон дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон дар мусаллои имом Хумайнӣ (ра) бо баёни ин ки ҳар миллате ҳақ дорад аз кишвар ва хоки худ дар муқобили мутаҷовиз дифоъ кунад, фармуданд: Кори дурахшони неруҳои мусаллаҳи мо ду се шаб қабл як кори комилан қонунӣ ва машрӯъ буд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, оятуллоҳи Хоманаӣ, раҳбари олии инқилоби исмломии Эрон дар хутбаи аввали намози ҷумъаи Теҳрон, ки пас аз поёни маросими бузургдошти муҷоҳиди фи сабилоллоҳ ва Сайиди азизи уммати исломӣ, шаҳид ҳуҷҷатулисломи валмуслимин Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва ҳамроҳони ишон аз ҷумла сардори шаҳид Нилфурӯшон дар «Ҷумъаи Наср» бо ҳузури мақомоти кишварӣ ва лашкарӣ ва ҷамъи касире аз ақшори мухталифи мардум дар мусаллои имом Хумайнӣ (ра) баргузор шуд, фармуданд: Ҳамаи бародарон ва хоҳарон ва худамро ба риояти тақвои илоҳӣ тавсия мекунам ва муроқиб бошем дар гуфтор ва рафторамон аз ҳудуди илоҳӣ хориҷ нашавем.

Ишон бо ишора ба масъалаи муҳимми пайвастагии муъминон бо якдигар таъкид карданд: Дар таъбироти қуръонӣ ба ин пайванд ва ин пайвастагӣ, вилояти муъминон гуфта мешавад. Дар Қуръони Карим натиҷаи ин вилоят ва ҳамбстагӣ, раҳмат тавсиф шудааст. Тибқи фармудаи Қуръон агар мусулмонон бо якдигар пайванд ва иртибот ва ҳамкорӣ ва ҳамдилӣ дошта бошанд раҳмати Худованд шомил ҳама имо мешавад. 

Раҳбари олии инқилоби исмломии Эрон баён карданд: أَنَا اللَّهُ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ. Раҳмати илоҳӣ дар ин маврид мутаносиб бо иззат ва ҳикмати Парвардигор аст чун раҳмати Худованд анвои фазоили нозила аз сӯи Парвардигор бар бандагонро шомил мешавад. Ҳамаи неъматҳо ва ҳамаи лутфҳо ва ҳамаи ҳаводиси зиндагӣ раҳмати илоҳӣ аст.

Раҳбари олии инқилоби исмломии Эрон тасреҳ карданд: Сиёсати душманони Ислом, ки мустакбирон ва мутаҷовизони олам ҳастанд, "тафриқа биандозу ҳукумат кун" аст. Ин сиёсатро дар кишварҳои исломӣ бо анвоъи тарфандҳо анҷом доданд ва ҳанӯз даст бардор нестанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Аммо имрӯз миллатҳо бедор шуданд, уммати исломӣ метавонад бар ин тарфанди душманони Ислом ва муслимин пирӯз шавад. Душмани миллати Эрон ҳамон душмани миллати Лубнон ва Фаластин ва Ироқ, Миср, Сурия ва Яман аст.

Раҳбари олии инқилоби исмломии Эрон бо баёни ин ки шеваҳои душман дар кишварҳои мухталиф, тафовут дорад, якҷо бо ҷанги равонӣ, фишори иқтисодӣ, бомбаҳои 2 тоннӣ, якҷо бо силоҳ ва якҷо бо лабханд кори худро пеш мебаранд,таъкид карданд: Утоқи фармон якҷост ва фармони ҳамла ба миллатҳои мусулмонро дарёфт мекунанд. Агар ин сиёсат дар як кишвар муваффақ шуд, вақте хотирашон аз як кишвар осуда шуд, сӯроғи кишвар дигар мераванд.

Ишон афзуданд : Ҳар миллате, ки мехоҳад мубтало ба муҳосираи фалаҷкунандаи душман нашавад, бояд бедор шавад. Агар душман сӯроғи миллати дигар рафт, бо онҳо ҳамкорӣ кунанд, то душман муваффақ нашавад. Мо мусулмонҳо ғафлат кардем ва натоиҷшро дидем ва имрӯз набояд ин иттифоқ биуфтад.

Раҳбари олии инқилоби исмломии Эрон бар зарурати маҳкам бастани камарбанди дифоъ ва истиқлолталабӣ аз Афғонистон то Яман ва Ғазза ва Лубнон таъкид ва ёдовар шуданд: Аҳкоми дифоъии Ислом ва қонуни асосии Эрон ва қавонини байналмилалӣ таклифи моро маълум кардааст. Дар қавонине, ки мо дахолате дар нигоштани он надоштем, мегӯяд ҳар миллате ҳаққ дорад аз хок, кишвар ва манобеъи худ дар баробари мутаҷовиз дифоъ кунад.

Ишон афзуданд: Миллати Фаластин ҳақ дорад дар баробари душмане, ки хок ва хонаашро тасарруф ва ишғол карда, биистад. Қонунҳои ҷаҳонӣ ҳам онро таъйид мекунад, ин ишғолгарон аз куҷо омадаанд? Ҳеҷ созмони байналмилалӣ ҳаққ надорад ба миллати Фаластин эътироз кунад; чаро ки дар баробари режими ғосиби саҳюнистӣ сина сипар кардед. Касоне, ки кумак ба миллати Фаластин мекунанд, бар асоси вазифа анҷом медиҳанд. Ҳеҷ кас ҳақ надорад ба Лубнон ва Ҳизбуллоҳ бигӯяд чаро кумак мекунед? Ин як мантиқи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ аст, ки Фаластин аз хокаш дифоъи машрӯъ мекунад, онҳо, ки ба Фаластин кумак мекунанд ҳам кумаки машрӯъ мекунанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба солгарди амалиёти Тӯфони-Ақсо ва таъкид бар ин нукта, ки мантиқи қонунӣ ва байналмилалӣ дошт ва ҳақ бо фаластиниҳо буд, тасреҳ карданд: Дифоъи ҷононаи лубнониҳо аз мардуми Фаластин қонунӣ ва маъқул ва мантиқӣ аст. Кори дурахшони нируҳои мусаллаҳи мо ҳам комилан қонунӣ ва машрӯъ буд.

Раҳбари олии инқилоби исломии Эрон амалиёти "Ваъдаи Содиқи - 2"-и   неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро камтарин муҷозот барои режими саҳюнистӣ дар баробари ҷиноятҳои ҳайратовари режими хуношом, гургсифат ва саги ҳорри (девона)-и Амрико дар минтақа унвон ва таъкид карданд: Ҷумҳурии исломӣ бо қудрат ва салобат вазоифашро анҷом хоҳад дод. Дар анҷоми вазифа на тааллул мекунем ва на шитобзада мешавем. Ончи мантиқӣ ва дуруст ва назари тасмимгирони сиёсӣ ва низомӣ аст, дар вақташ анҷом мешавад. Дар оянда агар лозим бошад ҳам анҷом хоҳад гирифт.

https://iqna.ir/fa/news/4240513

captcha