Ба гузориши манобеи хабарӣ, Абдулсалом Фатҳӣ Ал-Амрӯнӣ ҳофизи Қуръони либӣ аст, ки дар ин озмун оятҳои сураи Аърофро қироат карда ва мақоми аввалро касб кардааст.
30-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Хорватия рӯзи 5 октябр дар Загреб оғоз шуда, то 7 октябр идома кард. Юсуф Ҷаъфарзода, намояндаи кишвари Эрон дар бахши пажӯҳиши китобхонӣ дар ин озмун пас аз намояндагони Туркия ва Индонезия тавонист мақоми севумро касб кунад.
Дар зер порае аз қироати Абдусалом Фатҳии Амрӯнӣ, аз ҷумла оятҳои 12 то 17-и сураи муборакаи Аърофро мебинед: