Ба гузориши “Ал-Ҷазира”, ин Қуръон яке аз осоре дар китобхонаи “Муҳаммад Ал-Ҳукмӣ”-и Риёз аст, ки бо талошҳои коркунони китобхона ба намоиш гузошта шудааст.
Ин Қуръон, ки ба хатти наҷдӣ (яке аз хатҳои маъмул дар нимҷазираи Арабистон) навишта шудааст, бахше аз сураи Бақараро дар бар мегирад ва ба асри 12-и ҳиҷрӣ тааллуқ дорад.
Ин Қуръони нодири дастнавис яке аз барҷастатарин осори китобхонаи Ал-Ҳукмӣ буда, дар ин китобхона дар тӯли солҳои пажӯҳиш китобу дастхатҳои дигар гирд оварда шудаанд.
Қуръони дастнавис, дастхатҳои бахше аз онҳо беш аз 400 сола, китобҳои таърихӣ ва рӯзномаҳои кӯҳна аз дигар осоре буданд, ки дар намоишгоҳи китобхонаи "Муҳаммад Ал-Ҳукмӣ" дар Риёз ба намоиш гузошта шуданд.
Муҳаммад Ал-Ҳукмӣ, молики китобхона дар бораи таърихи таъсиси он мегӯяд: Ман аз синфи ибтидоӣ ба китобхонӣ шавқи зиёд доштам ва китоб ҷамъоварӣ мекардам ва мутолиа мекардам, баъдан бо шахсе вохӯрдам, ки китобхонаи дорои китобҳои нодире барои фурӯш дошт, ва ин нуқтаи ибтидоии таъсиси китобхонаи шахсии ман буд.
Вай афзуд: Дар тӯли 16 сол китобҳои нодир гирдоварӣ кардам ва ин китобхона як маълумотномаи вижа дар бораи таърихи нимҷазираи Араб (Арабистон), насабномаҳо, ашъори мардумӣ, сафарномаҳо ва китобҳои аспу шутур гардид.
Қобили зикр аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии китоби Риёз 2024 рӯзи 26 сентябр (5 октябр) бо ҳузури марокизи табъу нашр ва зиёиёни кишварҳои мухталиф оғоз шуда, то дирӯз, 5 октябр (14 октябр) бо шиори "Риёз мехонад" идома кард.
https://iqna.ir/00HnFy