IQNA

Майдонҳои газии режими саҳюнистӣ дар тирраси Ҳизбуллоҳ

11:47 - October 10, 2024
рақами хабар: 2242
ИКНА - Ҳизбуллоҳи Лубнон қодир аст, ҳадди ақал дар кӯтоҳмуддат ба майдонҳои газии режими саҳюнистӣ ҳамла карда ва ба Тел-Авив зарбаҳои сангине бизанад.

Пас аз як сол аз Тӯфони Ал-Ақсо, стротежии низомии режими саҳюнистӣ шакли хашмгинтаре гирифта ва ин режим қудрати низомии худро ба вижа дар марзҳои шимолӣ дар қолаби бомбаборонкунии хавоӣ ва амалиёти заминӣ алайҳи Хизбуллоҳи Лубнон мутамаркиз кардааст. Дар ин вазъият мантиқи таносуби нерӯҳо дар Осиёи Ғарбӣ фаъолони меҳвари муқовиматро ба муқовимат бо манобеъи қудратии режими саҳюнистӣ водор мекунад. Яке аз муҳимтарин манобеъи нерӯи режими саҳюнистӣ конҳои энержӣ (газ) дар шарқи баҳри Мидитарона аст ва омили таъйин кунанда дар миёни манобеъи нерӯи ин режим, ба вижа дар арсаи иқтисодӣ аст.

Энергетика манбаи нави қудрати режими саҳюнистӣ

Режими саҳюнистӣ дар соли 2004 ба истихроҷи гози табиъӣ аз конҳои дарёӣ шурӯъ кард, аммо ин мизони он камтар аз миқдоре, ки барои худкифоии ин режим лозим аст, камтар буд. Солҳои 2009-2013 дар обҳои умқи баҳри Мидитарона чандин кони газ кашф кард, ки муҳимтарини он Тамар, Левиафан, Кариш ва Кариши Шимолӣ мебошанд.

Кони гази Тамар

Ин кон дар соли 2013 бо зарфияти тахминии 282 миллиард метри мукааб кашф шуда ва ҳоло дар як шабонарӯз 887 миллион метри мукааб газ тавлид мекунад. Ин майдон дар 24-километрии ғарби Ашкелон дар шимоли Навори Ғазза ҷойгир аст. Ин майдон билофосила пас аз 7 октябр аз амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо осеб дида ва бо баста шудани он содироти гази режими саҳюнистӣ ба Миср мутаваққиф шуд.


Майдони гази Левиафан ва ҷанги Ғазза

Левиафан бузургтарин кони газии режими саҳюнистӣ буда, дар наздикии соҳили Ҳайфа воқеъ аст. Арзиши феълии захираи ин кон 12,5 триллион метри мукааб арзёбӣ мешавад. Дар соли 2018 Нетаняҳу ин дастовардро “инқилоби бузург” тавсиф кард ва таъкид кард, ки “Левиафан Исроилро бо энергияи пок таъмин хоҳад кард, ки ҷои ангиштро хоҳад гирифт ва сармояи маблағҳои давлатиро миллиардҳо доллар афзоиш медиҳад.” Кори марҳилаи аввали ин кон соли 2020 оғоз шуда, дар як шабонарӯз 1054 миллион метри мукааб газ тавлид мешавад. Иқтидори баланди ин кон Тель-Авивро водор сохт, ки моҳи июни соли 2022 бо Аврупо созишномаи содироти газ имзо кунад.
Пас аз оғози Тӯфони Ал-Ақсо ва баста шудани майдони Тамар, таъминкунандаи содироти режими саҳюнистӣ будааст. Фелисити Арбутнот, рӯзноманигори мустақил дар матлабе дар соли 2013 навишт: “Дар ҳоле ки Исроил иддаъо мекунад, ки ин ганҷ аз они худ аст, бештари ин сарвати дар баҳр воқеъшуда ба мардуми Ғазза тааллуқ дорад.” Чанде пас аз оғози Тӯфони Ал-Ақсо, торнамои ибронии Mekomit як санади махфии 10 саҳифаи Вазорати истихбороти Исроилро нашр кард, ки ба интиқоли иҷбории беш аз 2,2 миллион нафар аз Ғазза ба урдугоҳи паноҳандагон дар Синои Шимолии Миср ишора мекунад. Бархе аз таҳлилгарон ин муҳоҷирати иҷбориро дар баробари талоши режими ишғолӣ Қудс барои соҳиб шудан ба ин кони газ медонанд.

Майдони гази Кариш ва низоъ бо Лубнон

Кони гази Кариш 10 майл дуртар аз обҳои Лубнон ҷойгир аст. Аз ин кон ҳар руз 425 миллион метри мукааб газ хосил карда мешавад. Аз соли 2011, ки Лубнон мухтассоти марзҳои дарёии худро ба Созмони Милал эълом кард, ин кони газ макони баҳси режими саҳюнистӣ ва Лубнон будааст. Моҳи октябри соли 2020 музокироти ғайримустақими фаннӣ миёни ду тараф оғоз шуд ва Лубнон талабҳои худро барои таъйини марзҳои баҳрӣ дар ин замина пешниҳод кард.
Ибтидо қарор буд музокирот тибқи нақшае сурат бигирад, ки Лубнон дар соли 2011 ба Созмони Милали Муттаҳид фиристода буд, ки дар он майдони баҳрии худро 860 километри мураббаъ тахмин зада буд. Аммо Бейрут эълон кард, ки ин харита дар асоси тахмини нодуруст тартиб дода шудааст ва талаб кард, ки ба таври илова 1430 километри мураббаъ, ки қисми майдонии конро дар бар мегирад ва бояд замима карда шавад. Бо радди ин мавзӯъ аз сӯи режими саҳюнистӣ музокирот низ мутаваққиф шуд. Моҳи ноябри соли 2020 режими саҳюнистӣ зимни эъломи расмии мухолифати худ бо Лубнон, таъкид кард, ки берун аз ҳудуди муқарраршуда дар соли 2011 музокира нахоҳад кард. Ҳамзамон Ҳизбуллоҳ ҳамчунин ба Тел-Авив ҳушдор дод, ки дар сурати шурӯъи амалиёти истихроҷи маъдан вокуниш нишон хоҳад дод.

Осебпазирии режими саҳюнистӣ дар майдонҳои газ

1. Режими саҳюнистӣ, ки қабл аз кашфи ин конҳо воридкунандаи гази Миср буд, ҳоло дар баробари худкифо буданаш, ба Миср ва Урдун газ содир мекунад ва аз ин имтиёз барои беҳбуди бештари равобит бо кишварҳои арабӣ истифода мекунад.
2. Режими саҳюнистӣ ба нақши ҳар чанд андаки манобеи газии худ барои таъмини бахше аз ниёзҳои энергии Иттиҳодияи Аврупо ва табдил ба як шарики иқтисодии қобили қабул барои Аврупо чашм духтааст.
3. Кашфиёти газӣ дар Баҳри Мидитарона як бахши муҳими ҳамкориҳо дар ин минтақа аст ва аз ҷумла, нақши асосиро дар барқарории равобити режими саҳюнистӣ ва Туркия ва музокироти ду ҷониб дар мавриди Қибрис таъмин кардааст.
3. Режими саҳюнистӣ ҳамчунин бар сари нақшаи рушди конҳои гази Левиафан, Катлан ​​ва Танин, ки ҳама дар баҳри Мидитарона ҷойгиранд, кор мекунанд. Дар моҳи июни соли 2024 вазири энержии ин режим низ тарҳи пешниҳодшудаи рушди фаросоҳилии Левиафанро ба маблағи 500 миллион доллар тасдиқ кард.
Тавони Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҳадаф қарор додани майдонҳои газии режими саҳюнистӣ
Ҳаҷми сармоягузориҳои режими саҳюнистӣ бар рӯи майдонҳои газии мазкур, осебпазирии ин таъсисот дар баробари иқдомот ва ҳамалоти Ҳизбуллоҳро равшантар сохтааст. Ҳар се майдони газии мавҷуд дар Мидитарона ба вижа майдони азими Левиафан, аҳдофи эҳтимолии Ҳизбуллоҳи Лубнон талаққӣ мешаванд. Ҳизбуллоҳ баъд аз эъломи проекти тавсеаи майдони Левиафан видёеро мунташир кард, ки дар он санъатҳои энергии ин режими ҷинояткор ва кӯдаккуш дар Мидитарона ба унвони аҳдофи эҳтимолӣ нишон дода шудааст.
https://tajikpress.com/2024/10/09

captcha