Риёз Мансур, намояндаи ташкилоти худгардони Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид шомгоҳи чаҳоршанбе дар бораи ҷиноёти режими палид ва кӯдаккуш ва террористи саҳюнистӣ дар Навор Ғазза ҳушдор дод.
Риёз Мансур тайи суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт: «Режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил муртакиби ҷиноёти ваҳшиёна шуда ва ба касоне, ки онҳоро мустанадсозӣ карданд, аз ҷумла Фоди Ал-Ваҳидӣ, рӯзноманигори Алҷазира ҳамла мекунад».
Шабакаи «Алҷазира» ба нақл аз вай гузориш дод: «Адами посухгӯ кардани режими Исроил тавассути Созмонҳои байналмилалӣ, боиси густариши чархаи ҷанг ва идомаи куштори ғайри низомиён аст».
Ин дипломати фаластинӣ изҳор дошт: «Мо аз нотавонии ҷаҳон дар маҷбӯр кардан режими Исроил ба иҷрои қатъномаҳои оташбас дар Навори Ғазза ранҷ мебарем».
Тибқи ин гузориш, Риёз Мансур ҳамчунин афзуд: «Режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил ба тимҳои пизишкӣ ҳамла мекунад то Фаластиниҳоро аз ҳаргуна ҳифозат ё муроқибат маҳрум кунанд».
Ҳеҷ макони амне дар Ғазза вуҷуд надорад
Дар ҳамин робита намояндаи Русия дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид гуфт, режими саҳюнистӣ ҳақ надорад, фаъолияти UNRWA ва дигар Созмонҳои имдодиро маҳдуд кунад.
“Василий Небензия”, намояндаи Федератсияи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид, шомгоҳи чаҳоршанбе дар бораи вазъи вахими амниятӣ дар Навори Ғазза ҳушдор дод.
Небензия, ки дар нишасти Шӯрои Амният суханронӣ мекард, гуфт: “Бад шудани вазъи башарӣ дар Ғазза ва барҳам додани ожонси UNRWA дар сарзаминҳои Фаластин дахолати сареъи моро тақозо мекунад.”
Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, вай дар ин бора тавзеҳ додааст: “Созмони Милали Муттаҳид бояд ин вазъро назорат кунад, аз густариши низоъ пешгирӣ кунад ва вазъи башарӣ дар Ғаззаро беҳбуд бахшад.”
Ин дипломати рус изҳор дошт: “Амрико ҳамонест, ки дар монеъ шудан ба кори созмонҳои байналмилалӣ ва риояи қавонини байналмилалии башарӣ нақш доштааст.”
“Режими ҷинояткори Исроил ҳақ надорад кори UNRWA ва дигар созмонҳои имдодиро маҳдуд кунад” гуфт Небензия ва изҳор дошт, ки дар Ғазза ҷои амне вуҷуд надорад. Тачовузот ва ҳамалоти режими палид ва ҷинояткори режими Исроил дар баробари мардуми мазлум ва бедифои фаластин дар ҳоли афзоиш аст.
Исроил ваҳшигарии худро вусъат медиҳад
Ва ҳамчунин намояндаи Алҷазоир дар нишасти Шӯрои Амният гуфт, он чи режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Навори Ғазза анҷом медиҳад, ҷанг алайҳи мардуми Фаластин аст.
Аммор ибини Ҷомеъ, намояндаи Алҷазоир дар Созмони Милали Муттаҳид дар шомгоҳи чаҳоршанбе дар нишасти Шӯрои Амният аз густариши ҳамалоти ваҳшиёнаи режими ҷинояткор ва террористи саҳюнистӣ хабар дод ва ҳушдор дод.
Аммор ибини Ҷомеъ, дар ин нишаст гуфт, “хомӯшӣ [бар зидди ҷиноятҳои режими Исроил] чизи фаротар аз ҳамдастӣ аст ва ҳоло он як ширкати фаъол дар ин бӯҳрон шудааст.”
Шабакаи “Ал-Ҷазира” аз қавли ӯ гуфтааст: “Амният дар Ховари Миёна танҳо тавассути расидан ба ҳуқуқи худ ба мардуми Фаластин имконпазир аст. Вақте оташбас дар Ғазза фаро расидааст.
Ин дипломати алҷазоирӣ тавзеҳ дод: “Он чи артиши режими палид ва кӯдаккуши Исроил дар Навори Ғазза анҷом медиҳад, нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ бо таҳдиди тахлияи бемористонҳо дар Навори Ғазза аст.”
Бар асоси ин гузориш, БАммор ибини Ҷомеъ изҳор дошт, ки он чи дар Навори Ғазза рух медиҳад, ҷанг алайҳи мардуми мазлум ва бедифои Фаластин аст, на бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ ва гуфт: “Соли гузашта хунинтарин сол дар Каронаи Ғарбӣ пас аз Интифозаи дуввум буд.”
Вай ҳамчунин афзуд: “Артиши режими ғосиб ва ҷинояткори Исроил беш аз 900 хонаводаро дар Навори Ғазза комилан нобуд кард. Режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил ҳамалоти ваҳшиёнаи худро густариш дод ва пас аз Навори Ғазза Лубнонро низ дар бар мегирад.
https://tajikpress.com/2024/10/10