IQNA

Афзоиши шумори шуҳадо ва захмиҳои Лубнон ва Фаластин

21:19 - October 10, 2024
рақами хабар: 2244
ИКНА - Бар асоси гузоришоти вазорати беҳдошт ва тандурустии Лубнон аз афзоиши шумори шуҳадои ҳамлаҳои режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Лубнон аз 8 октябри соли 2023 то имрӯз ба 2169 нафар ва шумори захмиёни ин ҳамалот ба 10212 нафар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Ал-Маёдин, вазорати беҳдошт  ва тандурустии Лубнон аз афзоиши шумори шуҳадои ҳамлаҳои таҷовузкоронаи режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Лубнон аз 8 октябри соли 2023 то кунун 2169 шаҳид хабар дод. Ҳамчуни ин вазоратхона афзуд, ки дар ин муддат 10212 лубнонӣ захмӣ шудаанд.


Аммо дар ҳамин робита вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза эълом кард, ки шумори шаҳидони ҳамлаҳои артиши режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ба 42 ҳазору 65 нафар расидааст.
Ба гузориши хабаргузории Ал-Ҷазира, вазорати беҳдошти ва тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза бо судури баёния ва омори охирини шаҳидон ва захмиён дар ҳамалоти режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба ин борика аз 7 октябри соли гузашта мунташир кард.
Вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза эълом кард, шумори умумии шаҳидони ҳамалоти режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба ин навор аз 7 октябри соли гузашта ба 42 ҳазору 650 нафар расидааст.


Илова бар ин, бар асоси эъломи вазорати беҳдошти ва тандурустии Фаластин, ҳамалоти ваҳшиёнаи артиши кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар Навори Ғазза боиси захмӣ шудани умумии 97 ҳазору 886 фаластинии муқими ин борика шудааст.
Ин созмони тиббии фаластинӣ эълом кард, ки артиши кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар 24 соати гузашта 5 куштори нав дар Навори Ғазза содир кардааст ва дар пайи ин ҷиноятҳо ҷасади 55 шаҳид ба бемористонҳои Навори Ғазза интиқо ёфтанд ва 166 нафари дигар ҳам захмӣ ва маҷруҳ шудаанд.
Вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза эълом кард, ки ҷасади бархе аз шаҳидон то ҳол зери харобаҳо ва ё дар роҳҳо монда ва дастрасӣ ба ин шаҳидон имкон надорад.
Дар ҳамин робита Ҳизбуллоҳи Лубнон аз муқобила размндагони муқовимати исломии Лубнон бо низомиён мутаҷовизи артиши режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар «Раъсун-Ноқура» ва воридовардан талафоти сангин ба онон хабар дод.


Ба гузориши хабаргузории Ан-Нашира, Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияҳое аз ҳамалоти ҷадиди худ ба низомиёни артиши режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ хабар дод.
Идораи иттилоърасонии Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард: дар ростои ҳимоят аз миллат устувор ва бедифои Фаластин дар Ғазза ва ёрии муқовимати шуҷоъ ва шарифи он, размндагони муқовимати исломии Лубнон соати 11:45 пеш аз зӯҳри рӯзи панҷшанбе даҳуми октябр 2024 як танки Исроилиро ҳини пешравӣ ба сӯи Раъсун-Ноқура бо мушаки ҳидоятшванда ҳадаф қарор доданд. Ин амалиёт ба сӯхтан ва мунҳадимшудани ин тонк ва ҳалокат ва захмишудани хадамаи он анҷомид.
Дар баёнияи дигари Ҳизбуллоҳи Лубнон омадааст: Дар ростои ҳимоят аз миллати устувори Фаластин дар Ғазза ва ёрии муқовимати шуҷоъ ва шарифи он, размндагони муқовимати исломии Лубнон соати 11:15 субҳи рӯзи панҷшанбе даҳуми октябр 2024 таҷаммӯъи низомиёни душмани исроилӣ дар Кафр Гиладиро бо чандин мушак ҳадаф қарор доданд.


Илова бар ин Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, ки таҷаммӯъоти низомиёни артиши режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистиро дар манотиқи ишғолии «Майан Барух», «Байтул Ҳилал» ва атрофи мавзеъи саҳюнистӣ «Ал-Мараҷ» мушакборон кардааст.
Ҳамчунин бар асоси баёнияҳои содиршуда аз сӯи Ҳизбуллоҳи Лубнон соати 10 субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ низ размндагони муқовимати исломи Лубнон шаҳраки саҳюнистнишини «Кариёт Шамуна»-ро ҳадафи ҳамалоти мушакии сангини худ қарор доданд.
https://tajikpress.com/2024/10/10

captcha