Ба гузориши пойгоҳи иттилоъотии Раёсати умури динии мусалмонони Русия, медали мусалмонони Русия бо унвони “Ваҳдати рӯҳӣ” ба Ҳуҷҷати Кабудӣ, мушовири фарҳангии сафорати Эрон дар Маскав супурда шуд.
Ин медал ба мушовири фарҳангии Эрон ҳангоми баргузории маросиме бо ҳузури Казими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия супурда шуд.
Дар ин маросим бо амр шайх Равил Айниддин, муфтии Аъзам, раиси Раёсати динии мусалмонони Федератсияи Русия, муфтӣ Рӯшан Абиёсов, муовини ӯ дар умури байналмилалӣ ин медалро ба Кобудӣ эҳдо кард.
Дар матни имзои раҳбари динии мусалмонони Русия омадааст: Ба хотири мусоидат ба рушди равобити дуҷонибаи Русия ва Эрон, таҳкими сулҳ ва муколамаи қавмиву мазҳабӣ дар арсаи байналмилалӣ бо ҳадафи рушди арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ. Медали мусалмонони Русия ба оқои Ҳуҷҷат Кабудӣ, мушовири умури фарҳангии сафорати Эрон дар Русия супурда мешавад.
Дар ин маросим Кабудӣ аз муфтӣ Шайх Равил Айниддин, раиси Раёсати динии мусулмонони Федератсияи Русия барои баҳои аъло ба фаъолияти ӯ ва эътои чунин ҷоизаи фахрӣ изҳори сипос кардааст.
Мушовири умури фарҳангии Эрон ба густариши бештари ҳамкориҳо ва таҳкими равобити мардуми Русия ва Эрон дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар заминаи фарҳангӣ изҳори умедворӣ кард.