IQNA

Эътирофи як шаҳрванди амрикоӣ ба харобкорӣ дар маркази исломии Донишгоҳи Ратгерс

18:30 - October 11, 2024
рақами хабар: 2247
ИКНА - Дар доираи амалҳое, ки барои паҳн кардани нафрат алайҳи Ислом ва мусулмонон андешида мешаванд, шаҳрванди Амрико эътироф кардааст, ки маркази исломии Донишгоҳи Ратҷерсро тахриб кардааст.

Ба гузориши истинод ба “Ал-Қудсул-Арабӣ”, як нафар аз иёлати Ню Ҷерсӣ эътироф кардааст, ки амволи маркази ҳаётии исломии Донишгоҳи Ратҷерсро тахриб карда, қонунҳои федеролии Амрикоро нақз карда ва “ҷинояти нафратангези” зидди Ислом содир кардааст.

Ин амал моҳи апрели соли гузашта ҳамзамон бо Иди Фитр сурат гирифта буд.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои ҳуқуқи башар афзоиши таҳдидҳо алайҳи мусалмонон, арабҳо ва яҳудиёни омрикоиро аз оғози ҷанги режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва Лубнон мушоҳида мекунанд.

Дар робита ба ин, Кристиан Кларк, ёвари додситони ноҳиявӣ дирӯз гуфт: Ин муттаҳам масъули амалҳои нафратангезе аст, ки бо ангезаи исломофобия бармеояд.

Вазорати адлияи ИМА эълон кард, ки муттаҳам бо номи Ҷейкоб Бичер (24-сола) ба маркази исломии Донишгоҳи Ратҷерс ҳамла карда, ба таҷҳизот дар он осеб расонидааст.

Аз ҷумлаи ҳодисаҳои хушунатборе, ки ахиран дар Иёлоти Муттаҳида рух додааст ва марбут ба мусулмонони амрикоӣ буд, метавон кӯшиши ғарқ кардани духтари мусалмони (3-сола) дар Техас, ҳодисаи кордзаниро, ки боиси марги як мусалмон шуд, шомил кард. Кӯдак (6 сола) дар Иллинойс, корд задани як мусалмон дар Техас, латукӯби як марди мусалмон дар Ню Йорк ва ҳамла ба эътирозгарони тарафдори Фаластин дар Калифорния.

https://iqna.ir/fa/news/4241767

captcha