IQNA

Ҳимоят аз Фаластин дар мусобиқоти қуръонии Малайзия + акс

19:02 - October 13, 2024
рақами хабар: 2258
ИКНА -  Ҳимоят аз Фаластин дар шастучҳорумин мусобиқоти Қуръони Карими Малайзия, муҳиммтарин ва бособқатарин рӯйдоди қуръонии ҷаҳони Ислом, машҳӯд буд.

Ба гузориши ИКНА, шастучҳорумин давраи мусобиқоти Қуръони Карими кишвари Малайзия, аввалин ва бособқатарин мусобиқоти Қуръон дар сатҳи ҷаҳон, тайи 14 то 21 меҳрмоҳ бо ҳузури оқоиён ва бонувони қорӣ ва ҳофизи кул дар Куала-Лумпур баргузор шуд.

Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ва муҳимми ин давра таваҷҷуҳи вижа ба мавзӯъи ҳимоят аз Фаластин буд. Истифода аз парчам ва намодҳои Фаластин аз сӯи авомили иҷроӣ, ширкаткунандагон, ҳуззор дар салон ва ҳатто аъзои ҳайати доварон, ба ҳамроҳи иҷрои суруд, қироати ашъор ва намоишҳои перомуни мавзӯъи Фаластин ва Ғазза дар ин рӯйдод бисёр машҳӯд буд.

Анвар Иброҳим, нахуствазири Малайзия дар маросими оғозин ин давра тайи суханоне гуфт: Сардаргумӣ ва тафриқа байни кишварҳои исломӣ метавонад ба омиле барои ҳамла, тавҳин ва султаи душманон табдил шавад, ҳамонтавр, ки дар Ғазза, Фаластин ва акнун дар Лубнон шоҳиди он ҳастем. Мусулмонон бояд ҳамвора мусаммам бошанд ва маъно ва зарурати ваҳдатро, ки пешниёзи муҳимми талош барои тавсеаи иқтисоди пойдор аст, дарк кунанд.

Анвар мусулмононро ба фарогирии улум ва технологияҳои ҷадид даъват кард, чаро, ки ин амр қудрати онҳоро тақвият мекунад ва афзуд: ба ҳамин далел аст, ки давлат мутааҳҳид шуда то итминон ҳосил кунад, ки акнун наздик ба 200 ҳазор донишомӯзи мадориси ҳифзи Қуръони Малайзия ба маҳоратҳои фаннӣ дар заминаҳои мухталиф монанди энергӣ, диҷитол ва ҳуши маснуъӣ (AI) ошно шудаанд. 

Шастучҳормин давраи мусобиқоти Қуръони Малайзия бо ҳузури 92 ширкаткунанда аз 71 кишвар, баргузор шуд. 
 дар зайл тасовири ин давра аз мусобиқотро мушоҳида кунед.

 

https://iqna.ir/fa/news/4242055

captcha