Дар навиштаи қаблӣ ишора шуд, ки тӯҳмат яке аз разоили ахлоқии зикр шуда дар Қуръон аст ва барои намуна ба ояти «إِنَّ الَّذِینَ جَاءُوا بِالْإِفْک عُصْبَةٌ مِّنکمْ لَا تَحْسَبُوهُ شَرًّا لَّکم بَلْ هُوَ خَیرٌ لَّکمْ لِکلِّ امْرِئٍ مِّنْهُم مَّا اکتَسَبَ مِنَ الْإِثْمِ وَالَّذِی تَوَلَّى كِبْرَهُ مِنْهُمْ لَهُ عَذَابٌ عَظِیمٌ* لَّوْلَا إِذْ سَمِعْتُمُوهُ ظَنَّ الْمُؤْمِنُونَ وَالْمُؤْمِنَاتُ بِأَنفُسِهِمْ خَیرًا وَقَالُوا هَذَا إِفْک مُّبِینٌ» (Нур/11-12) "Дар ҳақиқат, касоне, ки достони ифкро дар миён оварданд, дастае аз шумо буданд. Он [тӯҳмат]-ро шарре барои худ тасаввур макунед балки барои шумо дар он маслиҳате [буда]аст. Барои ҳар марде аз онон [, ки дар ин кор даст дошта] ҳамон гуноҳе аст, ки муртакиб шудааст, ва он кас аз ишон, ки қисмати умдаи онро ба гардан гирифтааст азоби сахт хоҳад дошт. (11) Чаро ҳангоме, ки онро шунидед, мардон ва занони муъмин гумони нек ба худ набурданд ва нагуфтанд: «Ин тӯҳмати ошкор аст»?), ки ба номи ифк машҳур аст ишора шуд.
Сарчашмаи тӯҳмат «бадгумонӣ» аст. Бадгумонӣ ба кирдор, гуфтор ё ҳолоти дигарон мумкин аст мӯҷиб шавад шахс чӣ дар ҳузур ва чӣ дар ғиёби ишон тӯҳмат бизанд. Ин изҳори тӯҳмат ба ду сурати мумкин аст:
Як мусулмон натанҳо набояд шунавандаи тӯҳмат бошад, балки агар тӯҳмат ба шакли нохоста низ ба гӯши ӯ расид бояд дар радди он бикушад ва фақат зикри ин нукта, ки «тӯҳмат назанед» кофӣ нест; Зеро шояд баёни ҳамин ҷумла таъкиде бар вуҷуди айб ва нақс дар фарде, ки ба ӯ тӯҳмат зада шуда бошад.
Пок сохтани забон аз офати тӯҳмат бо кӯшиши мудовим муяссар аст. Дармони ин бемориро бояд бо диққат дар паёмадҳои зишти он оғоз кард; Сипас ба ёдоварии мустамарри онҳо пардохт, кӣ: «فَإِنَّ الذِّكْرَى تَنْفَعُ الْمُؤْمِنِينَ» (Зориёт/55). Ёдовари паёмадҳои тӯҳмат, танаффур ва инзиҷори қалбии инсон аз ин рафтори зиштро дар пай хоҳад дошт; Аз ин рӯ дар садади тақвияти ҳолати инзиҷор аз тӯҳмат бояд баромад то битавон ба сӯи тарки он гом бардошт ҳамчунин бояд ба арзиш ва азамати обрӯи дигарон андешид то ба содагӣ ба самти тахриби он гом барандошт. Дини мубини Ислом обрӯ ва ҳурмати муъминро бузургтар аз Каъба ва ҳатто Қуръон донистааст ва бо огоҳӣ аз чунин арзише ҳеҷ кас набояд ба худ иҷоза диҳад ба ҳарими обрӯи дигарон таҷовуз кунад. Тақвияти ҳусни зан ва ҳамли рафтори дигарон бар ваҷҳи некӯ роҳи дигаре барои дармони ин беморӣ нобуд кунандааст.