Ба гузориши Алҷазира, клипе аз як гардишгари турк дар Ню-Йорк дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарогир шудааст, ки дар он аз соҳиби як рестарани кӯчак сӯҳбат мекунад, ки бо вуҷуди пардохти ҷаримаи ҳар рӯза тиловати Қуръонро дар хиёбон пахш мекунад.
Ин соҳиби рестаран ба туристи турк, ки пурсид чигуна Қуръонро бо садои баланд дар хиёбон пахш мекунад ва оё ин кор қонунӣ аст, гуфт, ки рӯзона 50 доллар ҷарима мешавад, аммо ӯ ин пулро медиҳад то ба гӯш додани Қуръон идома диҳад.
Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рафтори ин муҳоҷири Мисриро, ки дар рестарани кӯчаки худ дар қалби шаҳри Ню-Йорк сандвич ва об мева мефурушад, таҳсин ва барои вай дуо карданд.