Ба гузориши Diyanet Haber, марҳалаи сабтиноми мусобиқаи «Зеботарин қироати Қуръони Карими 2025», ки аз соли 2017 бо ҳамкории Созмони диёнат ва шабакаи TRT ва ба муносибати моҳи мубораки Рамазон баргузор мешавад, оғоз шудааст.
Бар асоси эъломи масъулони баргузории мусобиқот, ин рақобатҳо танҳо дар бахши оқоён баргузор мешавад ва ширкаткунандагон бояд ҳадди ақал 15 сол син дошта бошанд.
Ин мусобиқот барои қориёни Қуръон аз дохил ва хориҷи Туркия озод аст ва ширкаткунандагон метавонанд ба сурати фардӣ, ду нафара ё гурӯҳӣ сабтином кунанд.
Барои такмили сабтином, ширкаткунандагон пас аз такмили фурми мавҷуд дар веб-сайти www.trt1tilavet.com то таърихи 15 январ 2025 бояд видеои дархостиро зарфи 2 рӯз аз тариқи Ватсап ирсол кунанд.