Ба гузориши манобеи хабарӣ, Босим Наъим яке аз мақомоти аршади Ҳамос шаҳодати Яҳё Синвор раҳбари Ҳамос дар ҷараёни даргирӣ бо низомиёни саҳюнистро ба таври зимни таъйид кард.
Ба навиштаи CNN, ин аввалин изҳори назари яке аз мақомоти Ҳамос дар таъйиди шаҳодати Яҳё Синвор аст. Бо ин ҳол муқовимати Ҳамос ҳануз баёнияи расмӣ дар ин замина мунташир накардааст.
Босим Наъим гуфта, бо шаҳодати раҳбарони қаблӣ, Ҳамос ҳар бор қавитар ва маҳбубтар шудааст.
Вай афзуд, «бале. Аз даст додани афроди маҳбуб ба вижа шахсияте мисли Яҳё Синвор бисёр дарднок аст, аммо чизе, ки мо аз он мутмаин ҳастем ин аст, ки дар ниҳоят пирӯз ҳастем.»
Вай ҳамчунин гуфт, «ба назар мерасад Исроил мӯътақид аст, ки куштани раҳбарони мо ба маънои поёни ҷунбиши мо ва муборизаи мардуми Фаластин аст… онҳо метавонанд ҳар тавр, ки мехоҳанд фикр кунанд ва ин аввалин бор нест, ки ин ҳарфро мезананд».
Мақомоти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ рӯзи панҷшанбе бо интишори тасовир ва видёҳое муддаӣ шуданд, ки Яҳё Синвор раҳбари муқовимати исломии Ҳамос тайи як даргирӣ дар Рафаҳ кушта шудааст ва онҳо ба сурати иттифоқӣ вайро шиносоӣ кардаанд.
Режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ пеш аз ин борҳо муддаӣ шуда буданд, ки Яҳё Синвор ба ҳамроҳи усарои исроилӣ дар тамоми муддат дар тоннелҳои Ҳамос ба сар мебарад.
https://tajikpress.com/2024/10/18