IQNA

Пас аз шаҳодати Яҳё Синвор чӣ хоҳад шуд?

22:29 - October 19, 2024
рақами хабар: 2289
ИКНА - Бо террор ва шаҳодати Яҳё Синвор, ҳаракати муқовимати исломӣ ва дифоъ аз сарзамин ва Қудс, ҳеҷгоҳ мутаваққиф нахоҳад шуд.

Агар мақомоти Исро ил оқил бошанд, ҳоло замони муносибе барои пазириши оташбас ва поёни ҷанг дар ин нуқта аст. Аз манзари исроилӣ, онҳо бо шаҳодати Яҳё Синвор як пирӯзии чашмгире ба даст оварданд ва дар воқеъ масъули аслии амалиёти Тӯфони Ақсоро аз байн бардоштаанд.
Шаҳодати Яҳё Синвор, марди шумораи яки сиёсӣ ва низомии ҷунбиши Ҳамос, ба таври расмӣ таъйид шуд. Ахбор ҳикоят аз он дорад, ки Синвор рӯзи чаҳоршанбе дар ҷараёни даргирӣ воқеъ дар хиёбони Ибни Сино дар минтақаи Талл-ус-султон воқеъ дар шимоли Рафаҳ, дар ҷануби Навори Ғазза ба шаҳодат расид.
Террори Синвор зарбаи сангине барои Ҳамос аст. Ӯ фармондеҳи аслии амалиёти Тӯфони Ақсо буд ва ин қобили инкор нест. Аммо ду масъалаи дигар дар ин миён вуҷуд дорад, ки бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор бигирад. Аввал ин, ки Ҳамос дар тӯли таърихи худ, чандин бор бо чунин террорҳо ва зарбаҳое рӯбарӯ шуд. Раҳбарони Ҳамос дар гузашта ҳам террор шуданд ва шаҳодати онон ба дасти Исроил натавонист вақфае дар фаъолияти Ҳамос эҷод кунад.
Нуктаи дувум ин аст, ки ҷараёнҳо ва созмонҳое ба монанди Ҳамос, ки ормонҳои як миллатро думбол мекунанд ва намояндаи миллат мебошанд, ҳаракатҳои зидди ишғол ҳастанд ва барои ҳуқуқи мардуми Фаластин меҷанганд. Ин ҳаракатҳо муттакӣ ба чанд нафар нестанд. Намояндаи миллат ҳастанд. Ҳар чӣ қадар ҳам раҳбаронашон террор шаванд, то вақте он миллат ҳаст ва муқовимат мекунад, ин ҳаракатҳо идома дорад; бинобарин Ҳамос мутаваққиф нахоҳад шуд.
Агар мақомоти Исроил оқил бошанд, ҳоло замони муносибе барои пазириши оташбас ва поёни ҷанг дар ин нуқта аст. Аз манзари исроилӣ, онҳо пирӯзии чашмгире ба даст оварданд ва дар воқеъ масъули аслии амалиёти Тӯфони Ақсоро аз миёни бардоштанд. Аммо Нетаняҳу ба далели манофеи шахсиаш имкон дорад, ки ба ин масъала тан надиҳад. Чун эҳтимолан нахуствазири Исроил дар ин шароите поён ҷангро ба зарари худ ва давлаташ ифротиаш бубинад. Бо ин нигоҳ, ки поён додан ба ин ҷанг метавонад паёмовари шикаст барои Исроил бошад; ҳамчунон, ки дар гузашта ҳам дидем. Ин ҷанг фарозу нишеби зиёд дорад. Исроил бо ҳазфи Синвор як пирӯзии бузург ба даст овард, аммо фардо мумкин аст мутаҳаммили шикаст шавад ва муқовимати исломӣ ҳеҷгоҳ бо шаҳодати як нафар мутаваққиф намешавад.
Дар мавриди Ҳизбуллоҳ мо инро ба хубӣ дидем, ки як рӯз онҳо Сайидҳасан Насруллоҳ ва фармондеҳони Ҳизбуллоҳро террор карданд ва дар мавқеияти хубе буданд, ки оташбасро барқарор кунанд. Аммо тамаъ карданд ва идома доданд ва баъд дидем тайи рӯзҳои ахир зарбаҳое аз Ҳизбуллоҳ дарёфт карданд, ки дар як соли гузашта бесобиқа буд. Бадтарин рӯзҳоро таҷриба карданд. Ба вижа паҳподе, ки ба ғизохурии мақарри бахши низомии Гӯлонӣ исобат кард ва ба ривояте 70 то 80 сарбози исроилиро кушт; пас алон ҳам агар ақл бар давлатмардони Телавив ҳоким бошад, ин нуқтаро ба унвони нуқтаи поёни ҷанг мепазиранд. Аммо агар Нетаняҳу бихоҳад манофеи худ ва давлаташро думбол кунад, ҷангро идома ва фурсатро аз даст хоҳад дод. Дар ин сурат, мушаххас нест ҷанг дар оянда ба чӣ самту сӯе ҳаракат кунад. Таъкид мекунам, ки пирӯзии имрӯз дар ин ҷанг пурфарозу нишеб мумкин аст ба шикасти шармовари онҳо табдил шавад.
Бо вуҷуди бомбаборони Исроил, Яҳё Синвор як неруи муҳаррики имтинои Ҳамос аз таслим талаққӣ мешуд. Ӯ агарчи террор шуд, аммо шикастнопазир боқӣ монд. Зинда будани Ӯ боис шуда буд Исроил натавонад эълони пирӯзӣ кунад. Бархе таҳлилгарон бар ин боваранд, ки акнун ва пас аз ҳазфи Синвор, масир ба сӯи навъе оташбас дар Ғазза каме ҳамвортар шуда, зеро баҳонае ба тарафайни низоъ (Исроил ва Ҳамос) медиҳад то мавзеи худро нарм кунанд. Аммо мавонеи умда ҳамчунон боқӣ аст ва ҳар роҳи ҳалле дар Ғазза танҳо таъсири маҳдуде бар даргирии густардатар байни Исроил ва муттаҳидони минтақаии Ҳамос аз ҷумла Ҳизбуллоҳ хоҳад дошт. Гузоришгари Нию-Йорк Таймз мӯътақид аст музокирот барои оташбас ва тавофуқ барои озодии гаравгонҳо то ҳадде ба ин далел мутаваққиф шуд, ки Синвор ба думболи як тавофуқи доимӣ буд, ки ба Ҳамос иҷоза медиҳад қудратро дар Ғазза пас аз ҷанг ҳифз кунад.
Яҳё Синвор тарсе аз марг надошт, балки дар Ғазза дар ҷустуҷӯи шаҳодат буд ва шуҷоъона то охирин нафас дар саҳнаи набард ҷангид. Сарнавишти Ӯ, ки ба зебоӣ дар охирин тасвир ба намоиш даромада, касеро аз идомаи набард мунсариф намекунад, балки манбаи илҳомбахш хоҳад шуд барои тамоми размандагони муқовимат дар минтақа, аз фаластинӣ ва ғайри фаластинӣ. Мо ва бисёре аз инсонҳо ба набарди беиддаои Ӯ барои озодии мардуми Фаластин дуруд мефиристем. Шаҳидон то абад зиндаанд ва имрӯз ормони озодии сарзаминҳои ишғолии Фаластин аз ҳар замоне зиндатар аст.

https://tajikpress.com/2024/10/19

captcha