IQNA

Муҷаввизи Усмон Тоҳо ба ҳунарманди яманӣ барои китобати Қуръон

22:43 - October 20, 2024
рақами хабар: 2294
ИКНА - Ҳасан Ал-Бакулӣ, хушнависи яманӣ аз касби муҷаввизи (иҷозаномаи) китобати Қуръони Карим аз сӯи Усмон Тоҳо, хатот ва котиби маъруфи Қуръон дар ҷаҳони Ислом хабар дод. 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Ҳасан Ал-Бакулӣ изҳор кард бо Усмон Тоҳо, котиб ва хушнависи Қуръон дар Арабистон дидор карда ва пас аз ин дидор вай иҷоза додааст, ки Ал-Бакулӣ Қуръонро китобат кунад; Ба ин шарт, ки кулли Қуръон китобат шавад.

Ин хушнависи ямани дар шабакаи иҷтимоии Х бо интишори акси худ бо Усмон Тоҳо эълом кард муҳиммтарин матолибе, ки Усмон Тоҳо дар ин дидор ба ман гуфт, бадин шарҳ буд:

Тавозӯъ бар зебоии хат меафзояд ва кибр ва ғурур зебоии хатро аз байн мебарад.

Усмон Тоҳо 14 бор Қуръонро китобат кардааст.

Усмон Тоҳо гуфт тамоми баданам ба ҷуз дасти рост ва чашмонамро заъф гирифтааст; Аммо ман бо ин ду узв ҳамчунон эҳсос мекунам ҳафт сол дорам. 

Ба ту иҷозаи китобати Қуръонро медиҳам, ба ин шарт, ки кулли Қуръонро китобат кунӣ.

Хатти бисёр зебое дорӣ ва ояндаи равшане дар интизори туст.

Шайх Усмон Ҳусайн Тоҳо, котиби маъруфи Қуръони Карим аст, ки Қуръони китобат шуда тавассути вай чанд даҳа аст, ки дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷумла Эрон чоп мешавад ва бетардид бештарин чопи Қуръон дар солҳои ахир бо хати ин котиби Қуръони Карим будааст.

Қуръони китобат шудаи Усмон Тоҳо аз сӯи маҷмаъи чопи ва нашри Қуръони Карими Малик Фаҳд дар Арабистон ба чоп расидааст ва акнун дар саросари ҷаҳон дар дастраси мусулмонон қарор дорад.

https://iqna.ir/fa/news/4243354

captcha