Ба гузориши сайти хабарии “Ал-Қастал”, имрӯз беш аз ҳазор шаҳракнишини саҳюнистӣ ба Масҷидул-Ақсо ҳамла карда ва амалҳои иғвоангез анҷом додаанд.
Ин амал барои шашумин рӯзи пай дар пай ба муносибати ҷашни «иди ин режим» ба забони ибрӣ сурат гирифт.
Ҳамлаи саҳюнистҳои ифротӣ ба Масҷидул-Ақсо таҳти ҳимояти шадиди амниятӣ сурат гирифт.
Ба гузориши маркази иттилооти ҳуқуқи башари Води Ҳалве дар Қудси ишғолшуда, нерӯҳои ишғолгар барои пуштибонӣ аз ин ҳамлаҳо дар масҷид, даромадгоҳи он ва роҳҳое, ки ба он мунтаҳӣ мешавад ва дар манотиқи мухталифи Қудс мустақар шуданд.
Субҳи дирӯз, якшанбеи, дар чаҳорумин рӯзи ҷашни яҳудиён, Итамар Бенгуир, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ бо ҳамроҳии беш аз ҳазор шаҳракнишинони саҳюнистӣ таҳти ҳимояти шадиди пулиси ин режим кӯдаккуш ва ҷинояткор, аз ғарб вориди Масҷидул-Ақсо шуд.
Дар ҳамин ҳол, пулиси саҳюнистӣ барои вуруди фаластиниҳо ба Масҷидул-Ақсо маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ кард.
Итамар Бенгуир,, вазири амнияти дохилии режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ, вориди минтақаи девори Ал-Бароқ шуд ва дар баробари садҳо шаҳракнишинон вориди Масҷидул-Ақсо шуд.
Ин ҳамлаҳои дастаҷамъӣ ба Масҷидул-Ақсо дар посух ба даъватҳои гурӯҳҳои эҳтимолии маъбадҳои саҳюнистӣ аст, ки мехоҳанд дар ҳашт рӯзи маросими ҷашни саҳюнистҳо ҳамлаҳои густурда ба Масҷидул-Ақсо анҷом диҳанд.
https://iqna.ir/fa/news/4243735