Ба гузориши “Yeni Shafaq”, 10-умин ҳамоиши иҷлоси ҷаҳонии ҳалоли Туркия дар авоили декабри соли ҷорӣ дар Истамбул бо ҳузури намояндагони беш аз 110 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад.
Ин конфронс ва намоишгоҳ бо шиори "Муваффақият дар ҳалол дар соли 10-ум" дар Истамбул аз 7 то 10 декабри соли 2024, таҳти назорати раёсати ҷумҳурии Туркия баргузор мешавад.
Намоишгоҳи Ҷаҳонии Ҳалол дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи стандарт ва метрологияи Созмони ҳамкории исломӣ (SMIIC) ва ҳамоҳангии Вазорати тиҷорати Туркия ва Шӯрои сертификатсияи ҳалол ва як қатор вазорату муассисаҳои дигар баргузор мешавад.
Намоишгоҳи Ҳалоли Туркия як намоишгоҳи гуногун ва нодир дар минтақаи Авруосиё аст. Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти ғизоӣ, саломатӣ ва зебоӣ, ки мутобиқ ба фарҳангу суннати исломӣ ҳастанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Дар ин намоишгоҳ имкони мубодила ва ҳамкориҳои тиҷорӣ бо ширкатҳои мухталиф ва коршиносони соҳаҳои алоқаманд вуҷуд дорад.
Ин чорабинӣ ҳамасола дар кишварҳои мухталиф баргузор мешавад ва кишварҳои исломӣ аз он истиқбол мекунанд. Дар ин намоишгоҳ ба ҷуз аз ғизои ҳалол, масоиле аз қабили сайёҳии ҳалол, нассоҷии исломӣ, тибби ҳалол, кимиёи ҳалол ва дорусозӣ матраҳ шудааст. Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби мақомоти давлатии Туркия пуштибонӣ шуда, кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки беҳтарин иншоот ва маҳсулот ба тамошобинон пешниҳод карда шавад ва беҳтарин ширкатҳо ва брендҳои ҳалол дар он ҳузур дошта бошанд.
Дар ин ҳамоиш ва намоишгоҳ меҳмонон аз 110 кишвари ҷаҳон ва беш аз 55 сухангӯ аз 20 кишвар ҳузур хоҳанд дошт.