Ба гузориши манобеи хабарӣ, идораи ҳунарҳои умумии Ироқ бо ҳамкории муассисаи ҳунарҳои исломии «Ибни Баввоб» ин намоишгоҳро бо унвони «хушнависии Қуръон» баргузор кардааст ва 30 ҳунарманди хушнавис аз устонҳои мухталифи Ироқ барои китобати Қуръон сафаҳоте аз Қуръон ба сабки ироқӣ дар он гирди ҳам омадаанд.
Аҳмад Факок Ал-Бадронӣ, вазири фарҳанг ва гардишгарии Ироқ тайи суханоне аз пешниҳоди Муҳаммад Муҳаммад Шияъ Ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ барои тадвини донишномаи хушнависии арабӣ, ки ба зудӣ аз сӯи созмони омӯзиш, улум ва фарҳанги исломии (ISESCO) рӯнамоӣ хоҳад шуд, қадрдонӣ кард.
Вай аз созмонҳои вақфи шиъӣ ва аҳли тасаннуни Ироқ хост, ки барномаҳои марбут ба китобати Қуръонро ҳар чанд дар теъдоди маҳдуд ба чоп бирасонанд то битавон онҳоро дар намоишгоҳҳои давраӣ ба намоиш дароварад.
Қосим Муҳсин, мудири идораи кулли ҳунарҳои умумии Ироқ низ гуфт: Ин намоишгоҳ аҳамияти хоссе дорад; Зеро ба хушнависии Қуръон бо дастони гурӯҳи муҳимме аз хушнависон, ки ангуштонашон мушриф ба китобати оёти Қуръон шудааст, таваҷҷуҳ дорад ва хушнависии Қуръон аз ҷойгоҳ ва манзилати зиёде назди ҳамаи Ироқиҳо бархурдор аст.
Вай афзуд: Ин идора барои тамоми таҷориби ҳунарӣ ба вижа таҷрибаҳое, ки ҷойгоҳи муҳимме дар миёни Ироқиҳо дорад ва намунаи он намоишгоҳи Қуръон аст, аҳамияти вижае қоил аст.