Ба гузориши хабаргузории Ал-Маёдин, Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе шаҳодати “Сайид Ҳошим Сафйиддин” раиси Шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳро эълом кард.
Ҳизбуллоҳи Лубнон баён кард, ки шаҳид “Сайид Ҳошим Сафйиддин” дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба маҳалли ҳузури вай ва ҳамрзамони шаҳидаш, ки дар ҳафтаҳои гузашта сурат гирифт ба шаҳодат расидааст.
Ҳамчунин Ҳизбуллоҳи Лубнон ба хадамоти ироа шуда аз сӯи ин шаҳиди бузургавор ба муқовимат сухан гуфт ва вайро беҳтарин бародар барои шаҳид “Сайид Ҳасан Насруллоҳ” дабири кулли фақиди Ҳизбуллоҳи Лубнон тавсиф кард.
Дар ин баёния шаҳодати шаҳид Сайид Ҳошим Сафйиддин ба мардуми муқовими ҷаҳони Ислом ва бародарони размндаи ин шаҳид азиз тасалият гуфта шудааст.
Ҳизбуллоҳи Лубнон дар поён таъкид кард: Мо бо шаҳиди бузурги худ ва бародарони шаҳиди вай аҳд мебандем, ки то таҳаққуқи аҳдофи муқовимат ва ҷиҳод мабнӣ бар озодӣ ва пирӯзӣ, ба ин роҳ идома хоҳем дод.
https://iqna.ir/00Ho3q