Ба гузориши вебгоҳи хабарии «Ал-Мисрии Ал-Явм», кумитаи олии баргузоркунандаи мусобиқа эълом кард: бахши нахусти марҳалаи муқаддамотии ҳаштумин давраи мусобиқаи байналмилалии Қуръон ва ибтиҳоли динии «Саид» бо ҳадафи интихоботи намояндагони Миср дар ин рақобатҳо баргузор шуд.
Одил Муслиҳӣ, мудири иҷроӣ ва нозири кулли мусобиқа дар ин бора гуфт: Дар ин марҳала аз мусобиқа, 3670 мутасобиқ файлҳои савтии худро дар риштаҳои «ҳифзи комили Қуръон ба ду ривоят», «тавошиҳ ва ибтиҳоли динӣ», «савтҳои некӯ» ва «навҷавонон» ба пусти электируники вижаи рақобатҳо ирсол карданд.
Вай афзуд: Кумитаи доварони ин мусобиқа муташаккил аз «Абдулкарим Солеҳ», раиси кумитаи бознигарии мусҳафи Ал-Азҳар; «Абдулфаттоҳ Торутӣ», аз қуррои барҷастаи Миср; «Ҳисом Сақр», раҳбари гурӯҳи мусиқии Миср ва«Аҳмад Абада» аз мубтаҳилони барҷастаи мисрӣ ҳастанд, ки дар фосилаи замони 1 то 20 ноябр ба арзёбии иҷрои мутасобқини марҳалаи нахусти бахши муқаддамотӣ мепардозанд.
Одил Мусилҳӣ тасреҳ кард: Дар бахши дувуми марҳалаи муқаддамотии ин мусобиқа, ки рӯзҳои 20 то 22 ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, 450 ширкаткунанда дар муқобили кумитаи доварон ба иҷро мепардозанд.
Бар асоси ин гузориш, ҳаштумин давраи мусобиқаи байналмилалии Қуръони «Саид»-и Миср, бо ҳузури ширкаткунандгоне аз 70 кишвари ҷаҳон ва бо номи «шайх Муҳаммад Сиддиқи Минишовӣ» баргузор хоҳад шуд.