Неруи ҳавоии Эрон дар иттилоияе, ки ҳитоб ба миллати Эрон нашр кард овардааст, ки бомдоди имрӯз режими Исроил нуқоте аз марокизи низомӣ дар вилоятҳои Теҳрон, Хузистон ва Иломро мавриди ҳамла қарор додааст.
Ниҳоди мазкур дар ин иттилоия эълом кард, ки сомонаи дифои ҳавоии Эрон бо раҳгирӣ ва муқобилаи муваффақ тавонистааст иқдоми таҷовузкоронаи Исроилро пешгирӣ кунад ва танҳо осибҳои маҳдуде ба бархе аз нуқот ворид шудааст.
Ситоди дофи ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин эълом кардааст, ки абъоди ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Ситоди дофи ҳавоии Эрон дар поён илова кард: Аз мардум тақозо карда мешавад, ки зимни ҳифзи ҳамбастагӣ ва оромиш аз тариқи расонаҳои миллӣ хабарҳои марбут ба ин ҳодисаҳоро пайгирӣ кунанд ва ба сару садоҳои расонаҳои душман аҳамият надиҳанд.
Намояндаи расмии вазорати маориф ва илми Эрон, Алӣ Фарҳодӣ гуфт, пас аз ҳамлаи Исроил ба қаламрави Эрон чизе тағйир накардааст, мактабҳо дар кишвар ба таври маъмулӣ фаъолият мекунанд.
Дар вокуниш ба ҳамлаи номуваффақи Исроил ба Эрон бархе аз таҳлилгарон баён карданд, маълум шуд, ки қувваи неруҳои ҳавоии Исроил танҳо ба хаймаҳои гурезаҳо, бемористонҳо ва хонаҳои мардум мерасад!
tajikpress