Ба гузориши Алҷазира, Арабистони Саудӣ зимни маҳкумияти ҳамлаи низомии режими палиод ва кӯдаккуши саҳюнистӣ алайҳи Эрон, ин иқдомро нақзи ҳокимияти Эрон ва мухолиф бо қавонин ва урфи байналмилалӣ донист.
Риёзбр мавзеъи собити худ дар лузуми поён додан ба танишҳои минтақаӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши даргириҳо таъкид ва эълом кард ин танишҳо амният ва саботи кишварҳои минтақа ва миллатҳоро таҳдид мекунад.
Покистон: Исроил масъули густариши таниш дар минтақа аст
Вазорати умури хориҷаи Покистон низ дар баёниая зимни маҳкум кардани иқдоми мутаҷовизонаи бомдоди имрӯзи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ алайҳи Эрон, ин режимро масъули густариши танишҳо ва даргириҳо дар минтақа дониста ва хостори иқдоми ҷомеаи байналмилалӣ барои мутаваққиф кардани иқдомоти он шуд.
Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: Ҳамлаи Исроил ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо нақзи ҳарим ва ҳокимияти миллии ин ҳамсояи наздик ва кишвари бародар маҳкум аст.
Вазорати хориҷаи Малайзия низ имрӯз шанбе дар баёнияе тасреҳ кард, ки «Ин ҳамалот, нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ буд ва ба шиддат саботи минтақаиро тазъиф мекунад. Дар идомаи баёнияи худ низ хостори «таваққуфи фаврии хусуматҳо ва поёни чархаи хушунат» шуд.
Ҷунбиши Ҳамос низ ҳамлаи имрӯз режими саҳюнистӣ алайҳи Эронро ба шиддат маҳкум ва ин таҷовузро нақзи ошкори ҳокимияти Эрон донист ва таъкид кард: режими ишғолгар масъулияти комили паёмадҳои ин таҷовузро, ки аз сӯи Амрико ҳимоят мешавад бар ӯҳда дорад.
Вазорати умури хориҷаи салтанатии Уммон ҳам дар баёнияе ҳамлаи ҳавоии режими ҷинояткори Исроил ба арозии Ҷумҳурии Исломии Эронро ба шиддат маҳкум карда ва онро нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ ва таҳдиде барои саботи минтақа донист.
Дар айни ҳол "Middle East News" гузориш дод: Як мақоми амрикоӣ зимни дархост аз кишварҳои таъсиргузор барои таҳти фишор қарор додани Эрон ба манзури посух надодан ба ҳамалоти ахири режими кӯдаккуши Исроил эълом кард: Посухи Телавив ба ҳамалоти Эрон бояд ба табодули оташ байни ду тараф поён диҳад.
Сафорати Русия дар Теҳрон: Ба фаъолияти оддии худ идома медиҳем
Сафорати Русия дар Теҳрон эълом кард: тибқи баёнияҳои Эрон, Исроил аҳдоферо дар устонҳои Теҳрон, Илом ва Хузистон ҳадаф қарор дод ва падофанди ҳавоии Эрон ҳам фаъол буд. Дар ҳоли ҳозир, авзоъ дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои бузурги Ҷумҳурии Исломии Эрон ором аст.
Вокуниши Кохи Сафед ба таҷовузи ҳавоии режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон
Дар ҳамин росто Кохи Сафед муддаӣ шуд мутаваҷҷеҳ ҳастем, ки [Исроил] дар чорчуби дифоъ аз худ ҳамалотеро алайҳи аҳдофи низомӣ дар Эрон анҷом медиҳад.
Раиси Пентагон низ бо вазири ҷанги режими палид ва кӯдаккуши Исроил дар бораи Ҷумҳурии Исломии Эрон тамос гирифт. Ӯ имрӯз бо вазири ҷанги режими ҷинояткори саҳюнистӣ иртиботи телефонӣ барқарор кард то дар ҷараёни ҷадидтарин иттилоот дар хусуси ҳамлаи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба Эрон қарор гирад.
Бомдоди имрӯз, артиши ҷинояткор ва кӯдаккуши режими саҳюнистӣ дар посух ба амалиёти иқтидоромези «Ваъдаи Содиқи-2» ба бархе аз нуқоти низомӣ дар устонҳои Теҳрон, Хузистон ва Илом ҳамла кард, аммо падофанди якпорчаи ҳавоии кишвари Эрон бо қудрат бо он муқобила ва ҳамалотро хунсо ва нобуд кард.