Ба гузориши Ал-Арабия, ба гуфтаи кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон, ҳадди ақал 116 рӯзноманигор ва корманди расонаӣ аз замони оғози ҷанги Ғазза ҷони худро аз даст додаанд, ки ин маргбортарин давра барои аҳолии расона аз замони шурӯъи ҷамъоварии додаҳо тавассути CPJ дар соли 1992 аст; Аз ин теъдод 111 нафар фаластинӣ ва се нафар лубнонӣ будаанд.
Самар Абул-Авф, аккоси хабарнигори фаластинӣ барандаи ҷоизаи байналмилалии озодии матбуот дар Канада яке аз ин аҳолии расона аст.
Ин аккоси фаластинӣ, барандаи ҷоизаи байналмилалии озодии матбуот дар соли 2024 шуд, ки тавассути рӯзноманигорони канадаӣ барои озодии баён эҳдо мешавад. Осори ҳунарии ӯ шоҳиди дигаре бар ҷиноёти таҷовузоти режими палид ва кӯадккуши Исроил ба Ғазза аст, ки то имрӯз беш аз 42 ҳазор 800 шаҳид, ва 100 ҳазор маҷрӯҳ, ҳазорон мафқудуласар, тахриби густурдаи сохтумонҳо ва зерсохтҳои маскунӣ ва қаҳтии маргборе, ки ҷони кӯдакон ва солмандонро ба вижа дар Ғазза ҳадаф гирифта барҷой гузоштааст.
Созмони рӯзноманигорони канадаӣ барои озодии баён дар эъломи ин муваффақият навишт, ки Самар Абул-Авф, беш аз як даҳаро сарфи шикастани нақшаҳои клишаии ҷинсиятӣ ва ба тасвир кашидани воқеиятҳои хушунатбори ҷанг дар Ғазза, ҳамроҳ бо сабти лаҳзоти пойдорӣ ва истиқомати аҳолии ин минтақа кардааст. Охирин кори ӯ, ки барандаи ҷоизаи шуҷоати Аня Нидерингхаус дар сол 2024 дар аккосии хабарӣ шуд низ мустанадсозии ҷанги Ғазза аз 7 октябр 2023, буд, ки ӯро ба шӯҳрати байналмилалӣ расонд.
Самар Абул-Авф, (40 сола) дар Навори Ғазза зиндагӣ мекард, дар моҳҳои ибтидоии ҷанг дар ҷабҳа ва марказ ҳузур дошт ва дар онҷо ба унвони аккоси мустақили барои Ню-Йорк Таймз, Ню-Йоркр, Рейтерз ва соири расонаҳо кор мекард. Ӯ рӯи проектҳои кор кард, ки шароити зиндагии занон ва кӯдакони Ғазза ва масоили ҷинсиятиро дар замони ҷанг мустанад мекард. Ӯ зиндагии худро дар муҳосираи садоҳо ожир ва бомбаборони Ғазза сипарӣ кардааст.
Самар Абул-Авф, ба рӯзномаи канадаии Globe and Mail гуфт: рӯҳи ман дар Ғазза аст. Хонаводаам онҷо ҳастанд. Ман ҳанӯз онҷо зиндагӣ мекунам. Ҳадафи ман ин буд, ки бимонам ва аз он чи дар ҳоли рух додан буд аккосӣ кунам. Ман зиндагии худ ва фарзандонамро фидо кардам. Маҷбӯр шудам онҳоро барои муддати тӯлонӣ тарк кунам. Чун бо гурӯҳе аз хабарнигорон будам, ки ҳамеша мавриди ҳадаф қарор мегирифтанд.
Ӯ афзуд: акс гирифтан аз аҷсод беш аз ҳар иттифоқи дигар ба ман осеб мезанад. Кисаҳое аз гӯшт, хун ва устухонҳоеро дидаам, ки рӯзе инсонҳои зинда будаанд. Ин афрод ҳам рӯзе барои оянда ва зиндагии худ барномаҳо ва рӯйоҳое доштаанд ва умедвор будаанд, ки аз ҷанг ҷони солим ба дар баранд. Ман ҳар рӯз 19 соат берун ҳастам. Ин аксҳо барои наслҳои ояндааст; Инҳо асноди тасвире ҳастанд, ки бояд ояндагон онҳоро бубинанд.
Самар Абул-Авф, аз соли гузашта наздик ба 350 ҳазор акс гирифтааст, ки худаш мегӯяд онҳоро барои сабт дар таърих гирифтааст. Инҳо аксҳои ҳастанд, ки ҳар рӯз гирифта шуданд.
https://iqna.ir/fa/news/4244592