IQNA

Ҳизбуллоҳи Лубнон раҳбари худро интихоб кард

21:37 - October 29, 2024
рақами хабар: 2337
ИКНА - Ҷабҳаи муқовимати исломии Лубнон Шайх Наим Қосимро ба унвони дабири кулли ҷадиди Ҳизбуллоҳ интихоб кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе эълом кард, ки ҷиҳати пешбурди аҳдофи худ Шайх Наим Қосимро ба унвони дабири кулли Ҳизбуллоҳ интихоб кардааст.
Муқовимати исломии Лубнон афзуд, аз ин пас парчами мубораки мубориза бо саҳюнистҳо бар души Шайх Наим Қосим аст.
Ҳизбуллоҳ ҳамчунин дар баёнияи худ овардааст: “Мо бо Худованди Мутаол, рӯҳи гаронқадри шаҳидонамон Сайидҳасан Насруллоҳ, шаҳидони муқовимат, муҷоҳидон ва мардуми муқовим, сабур ва вафодори худ аҳд мебандем, ки барои иҷрои усул ва аҳдофи Ҳизбуллоҳ ва зинда доштани шуълаи муқовимат ва барафрошта мондани парчами он то пирӯзии ниҳоӣ талош кунем. Ва Худованд бар амри худ ғолиб аст.
Ҳамос ва Ҷиҳоди исломии Фаластин ҳам тайи баёнияе интихоби Наим Қосим ба унвони дабири кулли ҷадиди Ҳизбуллоҳи Лубнонро табрик гуфтанд.
Эли Коен, вазири энержии Исроил дар вокуниш ба интихоб шудани Шайх Наим Қосим ба унвони дабири куллли ҷадиди Ҳизбуллоҳ Наим Қосимро таҳдид карду гуфт: Ҳар фарде, ки дар раъси раҳбарии Ҳизбуллоҳ қарор гирад ҳадафи террор аст.
https://tajikpress.com/2024/10/29

captcha