Ба гузориши Алҷазира, коршиносони ҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид тасмимот дар Фаронсаро мабнӣ бар мамнуъияти ҳиҷоб барои занон ва духтарон, ки монеи ҳузури онҳо дар мусобиқоти варзишӣ мешавад табъизомез хонда ва хостори лағви онҳо шуданд.
Фаронса бо истинод ба қавонини сахтгиронаи худ дар мавриди секуляризм, варзишкоронро аз пӯшидани намодҳои мазҳабӣ аз ҷумла ҳиҷоб дар олимпии 2024 Париж манъ кард.
Пас аз он федератсияҳои футбол ва баскетболи Фаронса низ тарҷеҳ додаанд бозикунонеро, ки русарӣ бар сар доранд, аз мусобиқот аз ҷумла дар сатҳи омотур ҳазф кунанд.
Дар баёнияе, ки тавассути ҳашт коршиноси ҳуқуқи мустақил имзо шуд, омадааст: ин тасмимҳо номутаносиб ва табъизомез ҳастанд ва ҳуқуқи варзишкорони фаронсавӣ барои ибрози озодонаи ҳувият, мазҳаб ё эътиқодоти худ дар мавқеиятҳои хусусӣ ва умумиро нақз мекунад.
Онҳо гуфтанд: занони мӯҳаҷҷаба бояд аз ҳуқуқи баробар барои ширкат дар зиндагии фарҳангӣ ва варзишӣ ва мушорикат дар тамоми ҷанбаҳои ҷомеаи Фаронса, ки бахше аз он ҳастанд, бархурдор бошанд.
Ин баёния тавассути гузоришгарони вижаи Созмони Милал дар мавриди ҳуқуқи фарҳангӣ дар мавриди масоили ақаллиятҳо ва озодии мазҳаб ва ақида ва ҳамчунин аъзои коргари Созмони Милал дар мавриди табъиз алайҳи занон ва духтарон имзо шуд. Онҳо коршиносони мустақиле ҳастанд, ки тавассути Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал мансуб шудаанд.
Қавонини Фаронса дар мавриди секуляризм қоил бар ин аст, ки давлатро дар масоили мазҳабӣ бетараф нигаҳ дорад ва дар айни ҳол ҳаққи шаҳрвандонро барои анҷоми озодонаи маносики мазҳабии худ тазмин кунад.
Аммо коршиносон мегӯяанд: Бетарафӣ ва моҳияти секуляри давлат, заминаҳои машрӯъе барои аъмоли маҳдудият бар ҳуқуқи озодии баён ва озодии мазҳаб ё ақида нест.
Онҳо дар гузориши худ гуфтанд: ҳар гуна аъмоли маҳдудият барои озодиҳое бояд мутаносиб бо яке аз аҳдофи зикр шуда дар ҳуқуқи байналмилал яъне эминӣ, саломат ва назми умумӣ бошад ва бояд бо ҳақоиқ ва на бо фарзиёт, мафрузот ё пеш довариҳо тавҷеҳ шавад.
Коршиносони Созмони Милал ҳамчунин таъкид карданд: Дар шароити адами таҳаммули занон ва духтароне, ки ҳиҷобро интихоб мекунанд, Фаронса бояд тамоми иқдомотеро, ки дар ихтиёр дорад барои ҳимоят аз онҳо, ҳифзи ҳуқуқашон ва тарвиҷи баробарӣ ва эҳтироми мутақобил барои танаввӯъи фарҳангӣ ба кор гирад.