Ба гузориши Маскав Таймз, Салоҳ Магаев, муфтии Чичен мамнуъияти ҳиҷоб дар мактаби шаҳри Владимири Русияро маҳкум кард.
Ҳафтаи гузашта мақомоти омӯзиш ва парвариши минтақаи Владимири Русия дастур мамнуъияти пӯшиши мазҳабӣ аз ҷумла ҳиҷоб ва ниқоб дар мактаби давлатиро содир карданд. Муфтии олии ҷумҳурии Чичен гуфт, ки ин маҳдудиятҳо ҳаққи озодии диниро нақз мекунад.
Салоҳ Магаев, гуфт: Мо аз ин воқеият, ки ҳукми мамнуъият ба таври хос ва фақат пӯшиши Исломиро ҳадаф қарор медиҳад, мутааҷҷиб шудаем. Умедворем, ки ин танҳо як беназмии мавридӣ бошад ва на натиҷаи иқдоми ҳамоҳанг алайҳи мусулмонон.
Салоҳ Магаев, ки мушовири Рамазон Қадиров, раҳбари Чичен низ ҳаст гуфт, ки мӯътақид аст тарафдорон дархости мамнуъияти ҳиҷоб, амнияти миллии Русияро дар назар намегиранд.
Мақомоти шаҳри Владимири Русия ҳафтаи гузашта қонуни мамнуъияти ҳиҷоби духтарон дар мактабҳоро содир карданд. Ба мӯҷиби ин қонун, донишомӯзони духтар наметавонанд дар ҳини ҳузур дар мадраса ва муассисоти омӯзишӣ аз либосҳо ва васоиле, ки баёнгари тааллуқоти мазҳабии онон бошад, аз ҷумла ҳиҷоб ва ниқоб истифода кунанд.
Вазорати омӯзиши минтақаи Владимир дар баёнияе, ки рӯзи шанбе, мунташир кард, эълом кард, ки ин мамнуъият мӯҷиби нақзи ҳуқуқи донишомӯзон намешавад зеро қонуни асосии Русия тасреҳ дорад, ки ин кишвар, як кишвари секуляр ва бидуни дини расмӣ аст.
Ин вазоратхона баён кард: илзом ба пӯшиши юнифурми мактаб барои донишомӯзон, сарфи назар аз дини онҳо, моҳияти секуляри омӯзишгоҳҳои давлатӣ ва ҳамчунин ҳифзи бетарафии мазҳабиро тазмин мекунад.
Мақомоти минтақаӣ қаблан дар соли 2013 ҳиҷобро дар мактабҳои минтақаи Ставрополи Русия ва дар соли 2015 дар ҷумҳурии Мордовия мамнуъ карда буданд ва додгоҳи олии Русия ҳар ду тасмимро таъйид кард.